Нақши мақомоти назорати конститутсионӣ дар ташаккули давлати ҳуқуқбунёд

Октябрь 14, 2015 08:27

Душанбе, 14.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Аз 8 то 10 октябр ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Нақши судҳои конститутсионӣ дар таҳкими мустақилияти ҳокимияти судӣ: ҷанбаҳои назариявӣ ва хатарҳои муосир», ки дар шаҳри Ереван ба муносибати 20-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Арманистон, 20-солагии таъсиси Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Арманистон ва 20-солагии конфронси мақомоти назорати конститутсионии давлатҳои демократияи нав доир гардид, сафари кори раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудзода  ва судяи Суди конститутсионӣ Даврон Ҳошимзода  ба Ҷумҳурии Арманистон доир гардид.  
Дар чорабинии сатҳи байналмилалӣ инчунин намояндагони мақомоти назорати конститутсионии зиёда аз бист кишвари ҷаҳон, аз қабили Русия, ҷумҳуриҳои Алҷазоир, Булғористон, Гурҷистон, Исроил, Латвия, Литва, Македония, Миср, Молдова, Муғулистон, Полша, Сербия, Қазоқистон, Қирғизистон, Хорватия, Чехия, Таиланд, Шоҳигарии Белгия ва дигар давлатҳо, Президенти Комиссияи венетсиании Шӯрои Аврупо ва намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Арманистон иштирок намуда, сухан гуфтанд. 
Дар конфронс мавзӯҳои марбут ба ҷанбаҳои назариявию амалии нақши мақомоти назорати конститутсионӣ дар таҳкими мустақилияти ҳокимияти судӣ дар давлатҳои мухталиф, аҳамияти қарорҳои судҳои конститутсионӣ дар таъмини принсипи мустақилияти ҳокимияти судӣ, нақши назорати конститутсионӣ  дар рушди давлати ҳуқуқбунёд ва дигар мавзӯъҳои мубрами соҳаи назорати конститутсионӣ, ки ба татбиқи амалишавии принсипи мустақилияти ҳокимияти судӣ ва таъмини бемамониати амалишавии ҳуқуқҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд нигаронида шудаанд, матраҳ гардиданд. 
Зимни баргузории чорабинии мазкур раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудзода  оид ба  «Нақши мақомоти назорати конститутсионӣ дар ташаккули давлати ҳуқуқбунёд» маърӯза карда, ба таваҷҷуҳи  ҳозирин иттилоот оид ба аҳамият ва зарурати мақомоти назорати конститутсионӣ дар Тоҷикистон, инчунин нақши қарорҳои он дар таъмини қонунияти конститутсиониро  манзур намуд. 
Дар доираи сафари кории мазкур вохӯрии раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Комиссияи венетсиании Шӯрои Аврупо, раисон ва судяҳои судҳои конститутсионии ҷумҳуриҳои Арманистон, Алҷазоир, Белгия, Латвия, Литва, Молдова, Қирғизистон, Қазоқистон, Словакия, Гурҷистон, Федератсияи Русия ва намояндагони мақомоти назорати конститутсионии дигар давлатҳои хориҷи кишвар доир гардида, дар он масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкории мутақобила баррасӣ гардиданд. 
Дар доираи чорабинии мазкур раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Арманистон барои саҳми назаррас гузоштан дар таҳкими мақомоти назорати конститутсионӣ, рушди муносибатҳои байналмилалӣ ва иштироки фаъол дар чорабиниҳои Конфронси мақомоти назорати конститутсионии давлатҳои демократияи нав бо медали тиллои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Арманистон сарфароз гардонида шуд. 

Октябрь 14, 2015 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад