Намояндагони ширкатҳои дӯзандагии Тоҷикистон нархгузории либосро омӯхтанд
Душанбе, 31.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-Тарроҳон, дӯзандаҳо ва мудирони ширкатҳои дӯзандагии Тоҷикистон аз як давраи серӯза доир ба ҳисоби хароҷоти истеҳсол ва нархгузории либос, ки аз 29-ум то 31-юми октябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, баҳра бардоштанд.
Давраи омӯзишии мазкур аз ҷониби лоиҳаи МТБ ва бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи «Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорат» доир шуд.
Ҳадаф аз баргузории давраи омӯзишӣ амиқтар гардонидани донишу маҳорати касбии мутахассисони тоҷик доир ба роҳу василаҳо ва консепсияҳои гуногуни ҳисоб намудани хароҷоти истеҳсолот ва арзиши либосворӣ буд, ки дар саноати мӯди замонавӣ васеъ истифода мешаванд. Чунг Лай Ин, мушовири байналмилалии МТБ мегӯяд: “Мо тарзи ҳисобкунии хароҷоти вобаста ба матоъ, истифодаи матоъ, ва нархгузории либосро дар ин давраи омӯзишӣ фаро гирифтем. Донише, ки дар ин давраи омӯзишӣ гирифта шуд, ба соҳибкор, тарроҳ, мерчендайзер ва мутахассисони бозорёбӣ имкон медиҳад, то аз рӯи намуна хароҷотро ҳисоб ва муайян кунанд. Огоҳӣ аз хароҷоти қисматҳои гуногуни лозимӣ барои дӯхтани либос ба тарроҳ имкон медиҳад, то қаблан имкони роҳёбии тарҳашро ба бозор пешбинӣ намояд ва чунин огоҳӣ ба мерчендайзер имкон медиҳад, то ҳангоми гуфтушунид бо таҳвилкунандагон ё истеҳсолкунандагони маҳсулот мавқеи беҳтареро ишғол бикунад. Бо ин дониш, масъули коркарди маҳсулот барои тарҳ ва коллексияи маҳсулот интихоби бештар хоҳад дошт ва мутахассисони бозорёбӣ бидуни таъхир маҳсулотро баҳо гузошта метавонанд”.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






