Нархи молҳои озуқа 0,7 фоиз қимат шудааст
Душанбе, 13.09.2015, (АМИТ «Ховар»).- Дар моҳи сентябр нархи молҳои озуқа 0,7 фоиз қиммат шудааст. Бино ба иттилои Агентии омори назди Президенти ҶТ, дар ин давра аз маҳсулоти мушоҳидашуда бодиринг 18,9 фоиз, сабзӣ-8,6 фоиз, помидор-8,1 фоиз, карам-6,0 фоиз, тухм-5,9 фоиз, қандҳои шоколадӣ-2,8 фоиз, равғани пахта-2,2 фоиз, шир ва равғанӣ-2,1 фоизӣ, шакар-1,3 фоиз қиммат шудааст. Дар ин радиф дар моҳи сентябр нархи себ 14,3 фоиз, ангур-8,0 фоиз ва биринҷ-0,2 фоиз арзон шудааст.
Аз аввали соли 2015 нархи сабзӣ 1,7 баробар, карам -31,9 фоиз, моҳии зинда-25,2 фоиз, арақ -17,1 фоиз, шакар-16,7 фоиз, биринҷ 16 фоиз, орди навъи якум 9,5 фоиз, себ 2,6 фоиз ва тухм 2,0 фоиз қиммат шудааст.
Аз аввали сол нархи бодиринг 56,7 фоиз, картошка-36,6 фоиз, помидор 25,5 фоиз, гӯшти гов-5,0 фоиз, гӯшти гӯсфанд-4,7 фоиз ва шир 0,8 фоиз арзон шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






