Назари олимони Институти иқтисодиёт ва демография дар робита ба қарори Суди Олӣ оид ба қатъи фаъолияти ҲНИТ
Душанбе, 08.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — 5-уми октябри соли 2015 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2015 оид ба аризаи Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ дар бораи қатъ намудан ва бастани фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ходимони илмӣ дар маърӯзаҳои худ нуктаҳои қарори Суди Олиро вобаста ба озод гардидани аъзои ҳизб аз ҷазо дар ҳолати бо ихтиёри худ баромадан аз узвияти Ҳизби наҳзати исломӣ маъқул дониста, дастгирӣ намуданд. Инчунин бо дарки масъулият ва таҳлили вазъияти кунунӣ олимон дар даъватҳои худ фикру ақидаҳояшонро бо он асоснок намуданд, ки фаъолияти соҳибкорӣ ва умуман фаъолияти иқтисодӣ ба пайваст будан ба ягон ҳизб набояд вобастагӣ дошта бошад. Аз шахсони диндор, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, даъват шуд, то фаъолияти худро дар доираи эҳтиром ба арзишҳои исломӣ ва шариати динӣ роҳандозӣ намоянд, аз ҷумла дар самти пеш бурдани кору меҳнати ҳалол, хоҷагидории сарфакорона, фаъолияти софдилона, ростқавлӣ ва парҳез аз корҳои бад.
Олимони Институти иқтисодиёт ва демография аз аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон даъват намуданд, ки ба маҷрои табиии зиндагии худ баргарданд ва вазифаҳои муқаддаси муқаррарии худро, ки аз баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа дар созандагӣ, ободонӣ, таҳаммулпазирӣ ва инсондўстӣ иборат мебошанд, адо намоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






