Нигаронии Президент аз тамоюли пастравии истеҳсоли молҳо дар соҳаи саноати сабук
Душанбе, 21.10.2015. (АМИТ “Ховар”). – “Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир нишондиҳандаи ҳаҷми истеҳсоли молҳо дар соҳаи саноати сабук тамоюли пастравӣ дошта, аз 592 миллион сомонии соли 2012 то ба 475 миллион сомонӣ дар соли 2014 кам гардидааст”, — изҳори нигаронӣ намуд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд.
Президенти кишвар гуфт, ки дар нўҳмоҳаи аввали соли равон аз 603 корхонаи саноатии вилоят танҳо 346 корхона суръати афзоишро таъмин намуда, 77 корхона умуман фаъолият накардааст.
“Аз ин лиҳоз, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро зарур аст, ки иҷрои саривақтии барномаи рушди саноати сабукро таъмин карда, барои пешгирӣ аз пастравии истеҳсолот ва боз ҳам густариш додани соҳаи бофандагиву дўзандагӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чораҷўӣ намоянд”, — дастур дод Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






