Оғози мусобиқаи байналмилалии дзюдо барои «Ҷоми Президенти Тоҷикистон»
Душанбе, 05.10.2015 (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз дар шаҳри Душанбе 3-юмин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини дзюдо барои дарёфти «Ҷоми Президенти Тоҷикистон» оғоз меёбад.
Дар назар аст, ки дар мусобиқаи мазкур паҳлавонони 15 кишвари ҷаҳон, аз қабили Тоҷикистон, Афғонистон, Русия, Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Эрон, Миср, Муғулистон, Италия, Куба ва Юнон иштирок намуда, барои «Ҷоми Президент» миёни ҳам рақобат кунанд.
Ба иттилои президенти федератсияи дзюдои Тоҷикистон Нурулло Лоиқов, варзишгарон миёни ҳам дар вазни мутлақ рақобат мекунанд. -Барои ҷоизадорони мусобиқа, ки ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд, 100 ҳазор сомонӣ мукофот муайян гардидааст. Барои ғолибони мусобиқа ҷойҳои якум, дуюм ва ду ҷойи сеюм муайян гардидааст,-афзуд Нурулло Лоиқов.
Мақсад аз баргузории мусобиқаи мазкур тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва рушди ин намуди варзиш мебошад, зеро имрӯз кишвар ҳама гуна имкониятро доро мебошад ва бояд аз он самаранок истифода намоем.
Дар мусобиқа, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Федератсияи дзюдои Тоҷикистон доир мешавад, беш аз 40 паҳлавон ширкат меварзад.
Мусобиқаи мазкур аз соли 2013 ҳамасола бо иштироки доираи васеи паҳлавонони Осиёву Аврупо, Африқову Амрико гузаронида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқа дар майдони тенниси Корхонаи воҳиди давлатии Роҳи оҳани Тоҷикистон соати 16 шурӯъ мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






