Оғози намоиши «Дунё ва ривоятҳои Темур Зулфиқоров» дар Душанбе
Душанбе, 03.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-«Дунё ва ривоятҳои Темур Зулфиқоров. Соҳибҷамолони Тоҷикистон»- таҳти чунин унвон шурӯъ аз имрӯз, 3-юми октябри соли равон бахшида ба 24-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли оила дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиш ва пешниҳоди корҳои рассом Ирина Дмитриева-Ванн ба кори худ оғоз кард.
Бино ба иттилои Усмон Муродов, декани факултети дизайни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, дар намоиш маҳсули шогирд ва ҳамкасби Темур Зулфиқоров- Ирина Дмитриева-Ванн, ки як муддат дар деҳаҳои кӯҳистони Тоҷикистон умр ба сар бурдааст, симои занони соҳибҷамоли тоҷик ва дунёи зебоии ботиниву зоҳирии онҳоро тасвир кардааст, намоиш дода мешавад.
Намоиши мазкур имрӯз бо иштироки доираи васеи меҳмонон аз Вазорати фарҳанги кишвар, Академияи мусаввирии Тоҷикистон, ҶСШП «Бунёди мусаввирон» ва намояндагони сафоратхонаҳои хориҷи кишвар дар пойтахт оғоз шуд ва намоиш то 9-уми октябр идома меёбад.
Намоиш дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва ҶСШП «Бунёди мусаввирон» гузаронида мешавад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






