Ҳодисаи нохуши нақлиётӣ дар ноҳияи Хуросон

Октябрь 28, 2015 04:45

Душанбе, 28.10.2015 (АМИТ “Ховар”).- Рӯзи 27 октябри соли равон  тахминан соати 19.00 ронандаи мошини тамғаи “ГАЗ-52”, сокини  33-солаи ноҳияи Хуросон ҳангоми ҳаракат дар заминҳои мавзеи Найзабулоқи ҳудуди ҷамоати деҳоти С.Айнии ноҳия аз уҳдаи идораи мошин набаромада, худро аз он ба берун партофтааст. 
Дар натиҷа ронанда, зери чархи мошин монда, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Октябрь 28, 2015 04:45

Хабарҳои дигари ин бахш