Ҷоизаи Бунёди «Манучеҳри Фарҳангӣ» ба Парвона Ҷамшедов тақдим гардид

Октябрь 23, 2015 05:05

Душанбе, 23.10.2015. (АМИТ «Ховар»). -22 октябр дар  Академияи илмҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими сарфароз гардонидан бо ҷоизаи Бунёди «Манучеҳри Фарҳангӣ» доир гардид. Ҷоизаи мазкур ба муҳаққиқоне супорида мешавад, ки дар рушди забон, адабиёт ва фарҳанг саҳми босазо гузоштаанд. Дар соли равон ба ҷоизаи «Манучеҳри Фарҳангӣ» доктори илмҳои филологӣ Парвона Ҷамшедов барои саҳми арзишманди эшон дар таҳқиқи илмҳои фарҳанги бостонӣ ва густариши алоқаҳои фарҳангии форсизабонони дунё  аз тариқи забони англисӣ супорида шуд.
Ҷоизаи Бунёди «Манучеҳри Фарҳангӣ» бо ибтикори Ҷамъияти «Пайванд» таъсис дода шудааст ва соли чорум аст, ки ба олимони шинохтаи соҳаҳои забон, адабиёт ва фарҳанги Тоҷикистон  супорида мешавад. Маросими супоридани ҷоизаро ноиби президенти АИ ҶТ Кароматулло Олимов ифтитоҳ бахшид. Дар маросими супоридани ҷоиза профессор Масъуд Миршоҳӣ (Фаронса), раиси Ҷамъияти «Пайванд» Субҳон Кошонов, ноибони президенти АИ ҶТ Муҳиба Якубова, Саидмаҳмад Одинаев, олимони муассисаҳои илмии АИ ҶТ ва муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Раиси Ҷамъияти «Пайванд» Субҳон Кошонов ва узви вобастаи АИ ҶТ Додихудо Саймуддинов дар ҷаласа сухан гуфта, хизматҳои илмии профессор Парвона Ҷамшедовро дар таҳқиқи фарҳанги бостонӣ ва муаррифии он тавассути забони англисӣ арзёбӣ намуданд.  

Октябрь 23, 2015 05:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд