Оксфам роҷеъ ба натиҷаҳои таҳлил оид ба гендер, син ва маъюбият мизи мудаввар доир кард
Душанбе, 30.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- «Оксфам дар якҷоягӣ бо шарикони миллӣ ва байналмилалӣ барои омода намудани шахсони осебпазир дар мавриди вокуниши сареъ ба таҳдидҳои эҳтимолӣ фаъолият намуда, умедворем, ки муҳокимаи имрӯза боиси он мешавад, ки минбаъд масъалаҳои вобаста ба гендер, син ва маъюбият ҳангоми банақшагирии лоиҳаҳои вобаста ба коҳиш додани хатарот аз офатҳои табиӣ зиёдтар фаро гирифта хоҳанд шуд”,- гуфт Боян Колундзия, директори ташкилоти Оксфам дар Тоҷикистон дирӯз, 29 октябри соли ҷорӣ дар мизи мудаввар бахшида ба натиҷаҳои таҳлил роҷеъ ба ҷанбаҳои ҷинс, синн ва маъюбият дар лоиҳаҳои вобаста ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ. Ҳадафи чорабинӣ- ин саҳмгузорӣ ва таҳия намудани тадбиру тавсияҳо барои такмили муколама оид ба Платформаи нави миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хатари офатҳо буд.
Дар мизи мудаввар мақомоти давлатӣ, ташкилоти маблағгузор, ҷамъияти шаҳрвандӣ, зиёиёну намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.
Таҳлил дар доираи барномаи Оксфам оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ гузаронда шуд, ки ин лоиҳа аз тарафи Барномаи Шуъбаи кумаки башардӯстонаи фонди Комиссияи Аврупо оид ба омодагӣ ба офатҳои табиӣ маблағгузорӣ мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






