Қолинбофӣ дар Тоҷикистон рушд меёбад
Душанбе, 23.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Дар шаҳри Душанбе татбиқи лоиҳаи ЮНИДО барои навсозӣ ва баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии бахши қолинбофӣ, бахиядӯзӣ ва нассоҷӣ дар Тоҷикистон оғоз ёфт. Сарпарастони расмии лоиҳа Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Федератсияи Русия ба шумор мераванд.
Дар маросими рӯи кор овардани лоиҳа намояндаи доимии СММ дар Тоҷикистон Александр Зуев, сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин — Фролов, сафири ҶМЧ дар ҶТ Фан Сянжун ширкат доштанд.
Дар ҷараёни маросим зикр шуд, ки дар кишвар «Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2014 — 2020» қабул шудааст, ки эҳё ва рушди минбаъдаи қолинбофӣ, аз ҷумла қолинҳои дастбофтро пешбинӣ менамояд.
Мақсад аз лоиҳаи ЮНИДО беҳдошти тавлиди маҳсулот ва иртиқои рақобатпазирии корхонаҳои қолинбофӣ, бахиядӯзӣ ва нассоҷии Тоҷикистон аст.
Арзиши умумии лоиҳа 1 миллиону 200 ҳазор доллари ИМА — ро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






