Ғоратгари 18 — сола дастгир шуд
Душанбе, 26.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Кормандони милиса дар ҷараёни амалиёти фаврӣ сокини 18 — солаи ноҳияи Хисорро ба иттиҳоми ғоратгарӣ дастгир намуданд.
Тавре ки ВКД ҶТ хабар медиҳад, шахси гумонбаршуда дар назди бинои истиқоматии кӯчаи Маяковскии шаҳри Душанбе бо мақсади зӯран аз худ намудани моли шахси дигар бо истифода аз хишт ба сари сокини 39 — солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ зарба зада, аз ҷабрдида 22 ҳазор рубли русиягӣ ва 100 доллари ИМА — ро кашида гирифта, аз ҷойи воқеа ғайб задааст.
Нисбат ба айбдор тибқи моддаи 249 Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноӣ кушода, тафтишот идома дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






