Ҳосили картошка ва сабзавот нисбат ба соли гузашта 6,3 сентнерӣ зиёд аст
Душанбе, 24.10.2015. (АМИТ «Ховар ).- Имсол дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 21 ҳазор 219 гектар кишти картошка гузаронида шудааст. Мувофиқи маълумоти Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ 18 977 гектари он ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3190 гектар зиёд мебошад.
Хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ ба миқдори 412 ҳазору 328 тонна картошка истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 69131 тонна зиёд буда, ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 217,3 сентнериро ташкил медиҳад ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 0,1 сентнерӣ кам мебошад.
Соли ҷорӣ хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 28 233 гектар кишти сабзавотро гузарониданд, ки майдони 27647 гектари он ҷамъоварӣ шудааст. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4208 гектар зиёд мебошад. То имрӯз дар ҷумҳурӣ ба миқдори 650 ҳазору 364 тонна сабзавот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 113 ҳазору 688 тонна зиёд буда, ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 235,2 сентнериро ташкил медиҳад ва нисбат ба соли гузашта 6,3 сентнерӣ зиёд мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






