Қ. Қосим: «Аввалин соҳибкоре, ки ба Президенти мамлакат бо саволу пешниҳод муроҷиат кард, зан буд»

Октябрь 8, 2015 10:24

Душанбе, 08.09.2015, (АМИТ «Ховар»).- Мизи  мудаввар оид ба рушди соҳибкорӣ байни занон имрӯз, 8 октябр  дар Душанбе дар доираи таҷлили нахустин солгарди «Рӯзи соҳибкор» ва Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015 бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. 
Дар чорабинӣ роҳбарон ва намояндагони як зумра мақомоту идораҳои давлатӣ, ташкилоти байналмилалӣ, доираҳои васеи соҳибкорӣ, аз ҷумлаи занони соҳибкори тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ширкат доштанд. 
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Қодири Қосим     зимни суханронӣ гуфт, ки: «Нақши занон дар таҳким ва рушди ҷомеа ниҳоят муҳиму арзишманд мебошад. Бинобар ин Тоҷикистон дар  масъалаи дастгирии давлатии занон ва ташаббусҳои созандаи онҳо манфиатдор буда, пайгирона кўшиш менамояд, ки ин неруи бузургро барои рушди устувори кишвар ва корҳои ободониву созандагӣ пурра истифода барад”.
Қ. Қосим ёдовар шуд, ки  аввалин соҳибкоре, ки дар мулоқот ба Президенти мамлакат бо саволу пешниҳод муроҷиат намуд, зан буд. «Ин боз як бори дигар аз шуҷоату ғайратмандии бонувони тоҷик шаҳодат медиҳад, ки имрўзҳо дар  қатори мардон номуси ватандориро бар дўши худ гирифта, дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти мамлакат фаъолият доранд ва бо ташаббусҳои созандаи худ Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонида истодаанд»,-афзуд раиси кумита.
Роҳбари намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Ричард Ҷонс оид ба саҳми шарикони рушд барои дастгирии соҳибкории занон дар ҶТ сухан кард. 
Бино ба  гуфтаи Боян Колундзия, директори намояндагии Оксфам дар Тоҷикистон, иштироки баробари занон бо мардон дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба самаранокии иқтисодӣ ва рушди кишвар мусоидат мекунад ва дар паст намудани сатҳи камбизоатӣ саҳми назаррас мегузорад. 
«Имрӯз занони тоҷик собит сохтанд, ки метавонанд дар  рушди кишвар  саҳмгузор бошанд. Мо дар доираи чорабинии имрӯза муваффақиятҳои занони соҳибкори тоҷикро муаррифӣ карда, дастовардҳои онҳоро намоиш медиҳем. Дар радифи муваффақиятҳо, мо мушкилоту масоили ҳалталаби онҳоро имрӯз баррасӣ карда, дар ҳалли мушкилоташон ба онҳо дасти кумак дароз хоҳем кард»,-афзуд Б.Колундзия.
Оксфам ба фермерони хурд, алалхусус фермерзанон ҷиҳати ноилшавӣ ва ба даст овардани даромадҳои бештар кумак мерасонад. 
Дар доираи чорабинӣ як гурӯҳ соҳибкорзанон, аз ҷумла  Парвина Маҷидова аз шаҳри Исфара, Зумрат Исмоилова аз ноҳияи  Ашт, Замира Ниёзова аз Тавилдара, Равзанбону Неъматуллоева аз шаҳри Хуҷанд, Муҳаббат Ҷабборалиева аз шаҳри Истаравшан   ва дигарон барои саҳми арзанда дар рушди бахши соҳибкорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бо раҳматномаҳо қадрдонӣ гардиданд. 
Дар чорабинӣ инчунин таҷрибаи муваффақ ва мушкилоти рушди соҳикорӣ баррасӣ шуда, натиҷаҳои таҳлили «таҷрибаи муваффақи барномаҳо оид ба дастгирии соҳибкории занон дар Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд. 
Соҳибкорзанони тоҷик дар навбати худ муваффақиятҳо ва мушкилоташонро ҳангоми оғоз ва пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ баён намуданд. 
Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои баланд бардоштани сатҳи саводнокии соҳибкорзанон дар мизи мудаввар дар   масъалаҳои дастрасӣ ба замин, андозбандӣ, ҳуқуқи иҷтимоӣ, банақшагирии соҳибкорӣ, ҳавасмандгардонии мусбат ва ғайра коршиносони варзида сабақҳо (мастер класс) гузарониданд
Дар хотимаи чорабинӣ ҷиҳати ба роҳ мондани робитаҳои тарафайни тиҷоратӣ бо иштироки соҳибкорзанони бахши кишоварзӣ вохӯриҳои В2В гузаронида шуданд, ки ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ миёни занон мусоидат менамоянд.  
Хотиррасон мекунем, ки имсол дар доираи таҷлили нахустин солгарди «Рӯзи соҳибкор» баргузории «Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015» ба нақша гирифта шудааст, ки он таҳти шиори «Саҳми соҳибкориву сармоягузорӣ дар рушди устувор» 14-уми октябри соли равон баргузор мегардад. Барои иштирок дар Форуми байналмилалӣ соҳибкорону сармоягузорони бурунмарзӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилалии молиявӣ, намояндагони баландпояи кишварҳои хориҷӣ ва дигар шарикони иқтисодӣ даъват шудаанд.

 

Октябрь 8, 2015 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!