Панҷакент: нигаронӣ аз афзоиши ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ
Хуҷанд, 30.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар тӯли 15 рӯзи моҳи октябри соли ҷорӣ дар роҳҳои мошингарди шаҳри Панҷакент чор нафар фавтида, ду тан ҷароҳат бардошт, ки аз инҳо ду тан наврас аст.
Тавре ки аз БДА-и Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд иттилоъ доданд, зиёд гардидани теъдоди ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ дар роҳҳои нақлиётгарди ҳудуди шаҳри Панҷакент масъулини Бозрасии давлатии автомобилии шаҳру вилоятро нигарон кардааст.
Мутобиқ ба маълумоти манбаъ, танҳо дар давоми 9 моҳи соли 2015 дар роҳҳои нақлиётгарди ҳудуди шаҳри Панҷакент 20 садамаи наклиётӣ рух додааст, ки дар натиҷа 13 нафар ба халокат расида, 14 каси дигар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.
Инчунин дар давраи мазкур бо иштироки кўдакону наврасон 6 ҳодисаи роҳу нақлиётӣ ба қайд гирифта шуданд, ки бар асари онҳо 3 кўдак ҳалок ва 3 нафари дигар маҷрўҳ шуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






