Парлумон ба Қонун «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» тағйирот ворид менамояд
Душанбе, 12.10.2015.(АМИТ «Ховар»).-Интизор меравад, ки палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон дар ояндаи наздик ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» тағйиру иловаҳо ворид намояд. Масъалаи мазкур 12 октябр дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров -раиси палатаи поёнии Парлумони мамлакат доир гардид, баррасӣ шуда, барои такмил ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният ирсол гардид.
Дар ҷаласаи Шӯро ҳамзамон лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ», «Дар бораи бозори қоғазҳои қиматнок», «Дар бораи боҷи давлатӣ», „Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия», «Дар бораи ҳаракат дар роҳ», инчунин Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса оид ба сохтмони манораи назоратӣ- диспетчерӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба идомаи бозсозии нақби «Истиқлол» ва Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда баррасӣ шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






