Партовгоҳи заҳрхимикатҳои ноҳияи Вахш аз нав фаъол гардид

Октябрь 5, 2015 10:04

Душанбе, 05.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон   партовгоҳ барои нигоҳдории заҳрхимикатҳо аз нав  ба фаъолият оғоз  намуд.  Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода бо изҳори минатдорӣ ба роҳбари Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо Маркус Мюллер ва намояндаи доимии СММ дар Тоҷикистон, ҳамоҳангсози Барномаи Рушди СММ Александр Зуев ва дигар ташкилоти байналмилалие, ки саҳми худро дар барқарорсозии ин иншоот расониданд,  гуфт, ки: Солҳои охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти масъалаҳои ба эътидол овардани вазъи иқтисодӣ- иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зист корҳои назаррасро ба анҷом мерасонад. Беҳбудиҳо нисбат ба ҳамаи соҳаҳои муҳити зист, танзими корҳои сабзазоркунӣ ва ободонӣ, пешгирии эрозияи замин, баландшавии обҳои зеризаминӣ, шикори ғайриқонунии ҳайвонот, буриши бераҳмонаи дарахтон, идоракунии партовҳо ва дигар масъалаҳое, ки ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонанд, масъалаҳое мебошанд, ки дар мадди назари аввали  Ҳукумат қарор доранд.
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун пешбарандаи сиёсати экологии кишвар захираю имкониятҳои худро  барои ҳифз ва беҳдошти муҳити зист  самаранок истифода бурда, барои дар ҳолати хуб қарор додан ва ба наслҳои оянда мерос мондани он корҳои назаррасро ба анҷом мерасонад.
Тоҷикистон имрўз шомили 10 Конвенсияи СММ оид ба ҳифзи муҳити зист мебошад, ки яке аз онҳо ин Конвенсияи Стокголми оид ба ифлоскунандаҳои устувори органикӣ мебошад.
Бо назардошти ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ доир ба афзоиши таъсири манфии ифлоскунандаҳои устувори органикӣ ба саломатии инсон ва муҳити зист, ки мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштаанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Нақшаи миллии иҷрои уҳдадории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Конвенсияи Стокголми СММ доир ба ИОУ»-ро таҳия намудааст, ки вазифаи асосии он паст намудани таъсири заҳрхимикатҳои дорои ифлоскунандаҳои устувори органикӣ ба аҳолӣ ва солимгардонии муҳити зист мебошад.

Октябрь 5, 2015 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!