Пентагон худро барои ҳамлаи ҳавоӣ ба бемористони ҳарбии Қундуз айбдор донист
Душанбе, 07.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Фармондеҳи қӯшунҳои Амрико дар Афғонистон Ҷон Кэмпбелл иқрор шуд, ки бемористони созмони башардӯстонаи байналмилалии «Табибони бидуни марз» — и шаҳри Қундузи Афғонистон шаби аз ҷумъа ба шанбе аз ҷониби қувваҳои мусаллаҳи ИМА оташборон шуд.
«ИМА қӯшунҳои Афғонистонро, ки дар Қундуз бо толибон муҳориба мекунанд, бо истифода аз ҳавопаймоҳо мустақиман дастгирӣ намуданд. Бемористон саҳван мавриди оташборон қарор гирифт», — изҳор дошт низомии Амрико дар ҷаласаи кумитаи умури қувваҳои мусаллаҳи сенати Конгресси ИМА, хабар медиҳад ТАСС.
Мавсуф дар баробари ин тасдиқ намуд, ки сабаби оташборон шудани иншооти мазкур «тасмими ИМА» буд, ки «дар силсилаи ҳайати фармондеҳони Амрико» гирифта шуда буд.
Алҳол аз рӯи қазияи бомбаборон шудани бемористони Қундуз се тафтишот: тафтишоти Афғонистону Амрико, ҳамчунин тафтишоти Пентагон ва намояндагии НАТО роҳандозӣ мешавад.
Дар изҳороти интишоргардидаи созмони башардӯстонаи «Табибони бидуни марз» хабар дода мешавад, ки ИМА масъулияти бомбаборон шудани бемористонро ба дӯши ҳукуматдорони Афғонистон гузоштанианд.
Раиси кулли созмони «Табибони бидуни марз» Кристофер Стокс даъвои Кобулро дар бораи он, ки бемористони Қундузро силоҳбадастони ҷунбиши «Толибон» барои мақсадҳои ҳарбӣ истифода мекарданд, қатъиян рад намуд.
Созмони «Табибони бидуни марз», «изҳороти ба қарибӣ додаи баъзе мақомоти ҳокимияти Афғонистонро, ки ҳамларо ба бемористони мо воқеъ дар Қундуз ҳақ мебароранд, бо нафрат дарёфтанд», — изҳор дошт Стокс. «Ин маънои эътирофи ҷинояти ҳарбиро дорад», — гуфт номбурда.
Котиби матбуоти Қасри сафед Ҷош Эрнест изҳор дошт, ки фоҷиаи шаҳри Қундузи Афғонистонро то анҷом ёфтани тафтиши қазия ҷинояти ҳарбӣ ном бурдан нашояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






