Пешниҳоди филмҳои донишҷӯёни тоҷик ба озмуни “Бастау”

Октябрь 19, 2015 04:24

Душанбе, 19.10.2015. (АМИТ «Ховар ).-Бо ибтикори  ректорат ва кафедраи   режиссураи факултаи фарҳангшиносии  Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон  ба номи Мирзо  Турсунзода бори нахуст ду филми шогирдони ин донишкада  бо номҳои “Хобидан мехоҳам” ва “Гули бахт”  пешкаши устодону муҳассилини ин даргоҳ  ва меҳмонон гардид. 
Тавре ки иттилоъ дода шуд, аллакай ин ду филм барои иштирок ба ҷашнвораи кинофестивали  байналхалқии донишҷӯён- “Бастау” (“Сароғоз”) — и Ҷумҳурии Қазоқистон  пешниҳод гардидааст, ки ин ҷашнвора аз 20- ум  то 25- уми октябри соли равон идома мекунад.
Филми “Хобидан мехоҳам” ба мавзӯи муҳоҷират рабт дорад ва  сӯйистифода аз меҳнати ҷисмонии наврасонро мазаммат намудааст.
 “Гули бахт” низ бозгӯи  масъалаҳои иҷтимоист ва   ҳаёти як ҷавонзани муҷарради тоҷикро инъикос  менамояд, ки  дар ниҳояти кор ба хотири парасторӣ  кардани ду наврас падари онҳоро ба ҳамсарӣ қабул менамояд.

Октябрь 19, 2015 04:24

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад