Пирояи ҷавонон донишу фарҳанг аст
Душанбе, 28.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- Яке аз масоили ташвишовар ва доғи рўз дар ҷомеаи имрўза- ин ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон мебошад, ки боиси нигаронии ҷомеа гардидааст, зеро насли наврас ояндаи кишварамон ба шумор меравад. Бояд гуфт, ки теъдоде аз ноболиғон ва ҷавонон ба ҷойи таҳсил намудан ва илм омӯхтан даст ба ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноят зада, дар натиҷа оромии ҷомеа ва тартиботи ҷамъиятиро халалдор месозанд ва ҳамзамон сабаби сархамии хеш, падару модар ва беобрӯӣ дар ҷамъият мегарданд. Вобаста ба таълиму тарбия ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардидааст, ки он масоили таълиму тарбияи фарзанд, инчунин уҳдадориҳои падару модарро барои иҷрои уҳдадориҳо инъикос менамояд.
Ягона роҳе, ки ҷавонон миллатро пеш мебаранд, донишу маърифати хуби онҳост. Яке аз беҳтарин муқаддасоте, ки инсонро ба дунёи рангин ворид мегардонад, китоб аст. Китоб, ки сарчашмаи донишу хирад аст, метавонад ҳама касро ба пешрафтҳо ноил гардонад. Аслан дар ҳама кишвару давлатҳо ҷавонон нақши асосиро мебозанд, аз ин рў, ояндаи ҳама кишварҳо ҷавонон ба ҳисоб мераванд. Имрўз аҳли ҷомеа аз коҳиш ёфтани ахлоқи наврасону ҷавонон бонги изтироб мезананд. Мутаассифона, ин падидаи номатлуб он қадар фарох доман паҳн кардааст, ки баъзан инсонро ба даҳшат меорад. Умуман, паст рафтани ахлоқи ҷавонони имрўзаро танҳо ба насли нав мансуб донистан аз рўйи беинсофӣ мебуд, зеро аз рўйи дидаю шунида ва мушоҳидаҳои хеш мебинем, ки ин раванд дар рагҳои ин дунёи куҳан чун хуни фасодноки зиёновар ҷорӣ шудааст.
Ниёгони мо аз қадимулайём тараннумгари рафтори нек, пиндори нек ва кирдори нек буданд. Бузургони адабиёт ва фарҳанги миллатамон асарҳои арзишманду ибратбахши худро ба мо, насли ҷавон ёдгор мондаанд. Аз ҷумла «Маснавии маьнавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, «Гулистон» ва «Бўстон»-и Шайх Саъдӣ, «Қобуснома»-и Унсурмаолии Кайковус ва даҳҳо шоҳкориҳои ахлоқӣ дастури ибратбахше ҳастанд ба аҳли башар оид ба хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ва накуҳиши разолату қабоҳатҳо. Аммо имрўз чун мебинӣ вориси чунин бузургон даст ба амале мезанад, афсўс мехўрӣ ва дилат ба дард меояд.
Коста гардидани ахлоқи қисме аз наврасону ҷавонон, ҷалб гардидани онҳо ба ҳар гуна ҳаракату равияҳои бегона ва ба ҷинояткорӣ даст задани иддае аз онҳо беаҳмиятӣ ва бемасъулиятии падару модарон, омўзгорону мураббиён ва умуман, муҳити ахлоқиву маънавии ҷомеа мебошад. Гарчанде ки Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таьлиму тарбияи фарзанд» амал мекунад, то ҳол ба чашм мерасад, ки баъзе падару модароне ҳастанд, ки дар таълиму тарбияи фарзандони худ беаҳамиятӣ зоҳир менамоянд. Мутафаккири бузурги форсу тоҷик Муҳаммад Ғаззолии Тўсӣ дар ин маврид барҳақ чунин гуфтааст: «Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше, ки ба ў гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ба саодати дину дунё расад ва падару модар ва муаллим дар он савоб шарик бошад. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ўро ба ҳолаш гузорӣ, то ҳарчи хоҳад кунад ва ба ҳарчи хоҳад нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ макун».
Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки ҳар як падару модар барои тарбияи фарзандонашон бояд дар оила аз беҳтарин анъанаву суннатҳои ахлоқии гузаштагонамон истифода баранд. Фарзанд дар хонавода бояд он чунон ба камол расад, ки на танҳо боиси таҳсину офарин, балки номбардори падару модар ва ватану миллат гардад.
Албатта, ҷаҳони имрўзаро бидуни истифодаи техникаю технология ва шабакаҳои интернетӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аммо истифодаи пурсамари он ба худи ҳар як шахс вобастааст. Ҷавононеро, ки аз шабакаҳои интернетӣ истифода мебаранд, лозим меояд, ки онро танҳо барои баланд бардоштани дониш, тафаккур ва малакаи касбии худ равона созанд ва аз сомонаву торнамоҳои нолозим, ки дар он гурўҳҳои номатлуб ширкат меварзанд, худдорӣ намоянд, то ки аз роҳи дурусти рушди ҷомеаи мутараққӣ берун нашаванд. Бузургон дар мавриди таълиму тарбияи насли наврас барҳақ чунин гуфтаанд:
Тарбият чист? Хок зар кардан,
Қатраи обро гуҳар кардан.
Мадина Зафарова,
корманди МТС-и
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?






