Покистон: Бар асари зилзила 4 нафар ҳалок гардида, 100 тани дигар ҷароҳат бардошт
Душанбе, 26.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Бино ба иттилои Агентии «Рейтер» бо истинод ба пулис ва табибони покистонӣ, бар асари зилзила, ки маркази он дар Афғонистон ҷойгир будааст, 4 нафар дар Покистон ҳалок гардида, 100 тани дигар ҷароҳат бардоштааст.
Қувваи зилзила дар Афғонистон 7,5 балро ташкил дод.
Бино ба иттилои ВАО-и Покистон, миёни фавтидагон як кӯдак низ будааст. Кӯдак дар маҳали аҳолинишини Каллар Қаҳори музофоти Панҷоб ҳалок гаштааст.
Бино ба иттилои хабаргузории «Франс пресс» бо истинод ба сардори хадамоти таъҷилии тиббии беморхонаи ҷамъиятии Покистон Муҳаммад Содиқ, дар натиҷаи зилзила тақрибан 100 нафар дар маркази маъмурии вилояти Хайбар-Пахтунхва — шаҳри Пешовар ҷароҳат бардоштаанд. «Беш аз беш ҷароҳатбардоштагони зиёдеро ба беморхона оварда истодаанд. Аксари онҳо зери харобаҳо мондаанд», — гуфт Содиқ.
Тавре ки иттилоъ додем, имрӯз соати 14.09 вақти маҳаллӣ дар Афғонистон зилзила бо қувваи 7.5 бал ба амал омад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






