Президент: “Мо ба қадри хизматҳои аҳли илму адаб ва маорифу фарҳанг ҳамеша мерасем”
Душанбе, 21.10.2015. (АМИТ “Ховар”). – Мо сиёсати давлатиро дар самти гиромидошти чеҳраҳои фарҳангӣ идома бахшида, ба қадри хизматҳои аҳли илму адаб ва маорифу фарҳанг ҳамеша мерасем ва онҳоро қадрдонӣ мекунем. Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд иброз намуд.
Бояд гуфт, ки соли 2015 дар вилояти Суғд Соли рушди фарҳанг эълон гардида, бунёд ва таъмиру тармими муассисаҳои фарҳангӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят васеъ ба роҳ монда шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ин иқдом изҳори хушнудӣ карда, гуфт: “Мо дар оғози сафари кории худ дар деҳаи Зосуни ноҳияи Айнӣ Маҷмааи таърихиву фарҳангии Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ ва дар маркази ноҳия Қасри фарҳангро ифтитоҳ кардем. Фикр мекунам, ки иқдоми мазкур рўҳи бузургони миллати моро шод намуда, ҳамзамон бо ин, чунин мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ метавонанд ҳамчун макони сайру саёҳат ба сокинони мамлакат ва саёҳони хориҷӣ хизмат намоянд”.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






