Раиси иҷроияи Ҳукумати Афғонистон аз Покистон хост, то кумакҳояшро ба Толибон қатъ кунад
Душанбе, 13.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи Ҳукумати Ваҳдати миллии Афғонистон зимни нишасти Шўрои вазирон бо ибрози хушбинӣ аз вазъияти кунунии Қундуз изҳор дошт, ки дар қисмати поксозии Қундуз пешрафтҳои назаррас сурат гирифтаанд ва теъдоде аз мардум ба хонаҳояшон баргаштаанд, аммо мехоҳем, то барои таъмини амнияти Қундуз иқдоми ҷиддитаре сурат бигирад. Ин дар ҳолест, ки рўзи гузашта Навоз Шариф, нахуствазири Покистон аз омодагии Исломобод барои оғози гуфтугўҳои сулҳ сухан рондааст. Вале Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз Покистон мехоҳад, то дар гоми нахуст кумакҳояшонро ба Толибон қатъ кунанд, то эътимоди аз даст рафтаи Афғонистонро ба даст биёранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






