Рушди чорводорӣ бо дастгирии Лоиҳа
Душанбе, 06.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» дар деҳаи Лангари ҷамоати деҳоти Боғгаӣ дар ноҳияи Муъминобод ҷои обнӯшии чорво, ҷои нигоҳдории чорво ва ҷой барои истироҳати чӯпонон ба истифода дода шуданд.
Тибқи иттилои намояндаи лоиҳаи мазкур Муҳриддин Музаффаров, чарогоҳҳои ин мавзеъ дар 8-10 км дурӣ ҷойгиранд ва сари вақт об додани чорво мушкилии зиёдро пеш меовард. Тавассути дастгирии Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» Ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳҳо ташкил гардида, барои аъзои он тухмии зироат ва нуриҳои минералӣ дастрас гардид, ки бо ин васила дар мавзеъҳои чаронидани чорво алафҳои гуногуни серғизо зиёд гардиданд.
Инчунин дар доираи лоиҳаи мазкур дар деҳаи Сангдараи Болои ҷамоати ба номи Шамсиддин Шоҳини ноҳияи Муъминобод клиникаи байторӣ ба истифода дода шуд. Клиникаи мазкур ба 8 деҳаи ҷамоати деҳоти Боғгаӣ ва Шамсиддин Шоҳин хизмат мерасонад. Барои мукаммал гардонидани дониши байторон дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи байторони Тоҷикистон машаваратҳои омӯзишӣ гузаронида шуданд.
Манбаъ афзуд, ки бо кушодани клиникаи мазкур дар байни чорво касалиҳои сил, нағзак, сӯхтании сибирӣ, буғумдард, хоришак ва дигар бемориҳо хеле кам гардид, зеро мутахассисони соҳибтаҷриба 4 ҳазору 500 чорвои калони шохдор ва зиёда аз 10 ҳазор чорвои майдаро сари вақт эм гузаронида, ёрии оҷилии худро мерасонанд. Бояд зикр намуд, ки тамоми лавозимот ва доруҳои клиникаи мазкур бо дастгирии лоиҳа дастрас гардидаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






