Рушди муносибатҳои Тоҷикистону Беларус дар марҳилаи кунунӣ дар сатҳи баланд арзёбӣ мегардад

Октябрь 15, 2015 05:43

Душанбе, 15.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Аз 15 то 18 октябр дар шаҳри Душанбе  Рӯзҳои фарҳанги Беларус доир мешаванд. Аз соли 2011 инҷониб Шӯрои кории Тоҷикистону Беларус амал менамояд. Миёни ин кишварҳо робитаҳои фарҳангии байниҳамдигарӣ нисбатан рушд ёфта, ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, илм ва тандурустӣ ба роҳ монда шудаанд. Дар моҳи сенябри соли 2012 дар заминаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ факултаи Донишгоҳи миллии техникии Беларус фаъолияти худро оғоз намудааст. Ба муассисаҳои таҳсилоти олии Беларус ҳамасола теъдоди муайяни донишҷӯёни тоҷик фиристода мешаванд.
Асарҳои як гурӯҳ шоирон ва нависандагони тоҷик ба забони беларусӣ тарҷума ва нашр шудаанд. Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Беларус, ки моҳи марти соли 2012 таъсис ёфтааст, фаъолияти босамар дошта, робита бо Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Беларус, ки соли 2006 таъсис ёфтааст, ба роҳ монда шудааст. Муносибатҳои байнипарлумонӣ инкишоф ёфта, бо мақсади тақвияти он Гурӯҳи корӣ оид ба ҳамкории байнипарлумонӣ таъсис шудааст. Ходимони фарҳанг ва илми ду кишвар дар чорабиниҳои байналмилалии фарҳангӣ, форумҳои таълимӣ ва намоишгоҳҳое, ки дар Тоҷикистону Беларус доир мегарданд, иштирок менамоянд.
Дар маҷмӯъ вазъи кунунии муносибатҳои Тоҷикистону Беларус раванди мунтазами вусъатёбиро дорад. Дар он ҷараёни амалисозии кӯшишҳои тарафайни кишварҳо ҷиҳати боз ҳам зичтар намудани ҳамкории гуногунҷанба мувофиқи имконият ва ниёзҳои ҳарду давлат ба мушоҳида мерасад.
Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус 5 сентябри соли 1996 тавассути мубодилаи ёддоштҳо оғоз гардид. Аз соли 1997 дар шаҳри Минск Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамояд. Ҳамчунин дар шаҳри Душанбе аз соли 2011 Сафорати Ҷумҳурии Беларус фаъолият дорад.
Рушди муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба байни Тоҷикистону Беларус дар марҳалаи имрӯза дар сатҳи баланд арзёбӣ мегардад. Муколамаи мунтазами сиёсӣ дар сатҳи олӣ ба роҳ монда шудааст, ки ба рушд ва тавсеаи муносибатҳои дуҷониба пайваста мусоидат мекунад. Вобаста ба аксари масъалаҳои муҳими байналмилалӣ назар ва мавқеи ҳарду кишвар ба ҳам наздик буда, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белорус оид ба масъалаҳои узвият дар сохтори байналмилалӣ пайваста ҳамдигарро ҷонибдорӣ менамоянд.

 

Октябрь 15, 2015 05:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд