С. Назарзода: Китобхона бояд хонаи якуми донишҷӯён шавад
Душанбе, 21.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — «Китобхона хонаи дувум нею хонаи якуми донишҷӯён бояд шавад»,- гуфт директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, профессор Назарзода Сайфиддин имрӯз, 21 октябр дар чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Биёед ба китобхона меравем». Тавре ки қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Биёед ба китобхона меравем» доир гардид. Дар он зиёда аз 100 нафар устодону донишҷўёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур тарғиб ва ҷалб намудани донишҷўён ба китобу китобхонӣ мебошад.
С.Назарзода даъват намуд, то ҷавонон имрӯз фирефтаи суханҳои ширину бардурӯғи душманон нашуда, ба донишомӯзӣ машғул шаванд.
«Ҷавонон бояд аз шароити имрӯза ва аз боргоҳи маърифат, ки маҳсули даврони истиқлол аст, истифода намоянд»,-гуфт директори китобхонаи миллӣ.
Шуҳрат Бобомуродов, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гуфт, ки онҳо ҳар сол чун анъана донишҷӯёни курсҳои якумро бо китобхонаҳои пойтахт шинос менамоянд. «Китоб воситаи асосии донишандӯзиву дуруст навиштану хондан ба ҳисоб меравад. Иқдоми имрӯзаи Китобхонаи миллӣ хеле хуб аст. Қисми зиёди донишҷӯёни мо аллакай аъзои ин китобхона мебошанд ва боқимондаашон имрӯз аъзо хоҳанд шуд. Дар факултаи филология ва худи Донишгоҳи миллӣ низ китобхона фаъол мебошад ва донишҷӯёни мо аз ин китобхонаҳо баҳра мебаранд. Тамоми адабиёти нав нашршудаи устодони донишгоҳи мо дар ин китобхона мавҷуд ҳастанд ва донишҷӯён тамоми адабиёти соҳавиро дар ин ҷо метавонанд пайдо кунанд»,-мегӯяд устоди донишгоҳ.
Мирзомуддин Нуриддинов, донишҷӯи соли якуми факултаи филологияи ДМТ низ ин иқдоми китобхонаро хуб қабул намуд:
«Ба фикри ман ҷавонон бояд имрӯз вақти худро беҳуда сарф накарда, ба хондани китоб машғул шаванд. Ман, ки худ донишҷӯи соли аввал ҳастам, кӯшиш мекунам аз китоб бештар истифода намоям. Ман инчунин рафиқонамро бо худ оварда, дар китобхона китоб мутолиа мекунам. Ман аз китобҳои электронӣ кам истифода мекунам, зеро фикр дорам он ба чашм зараровар аст»,-афзуд мусоҳиб.
Ташкилкунандагони чорабинӣ ният доранд дар оянда бо иштироки донишҷўёни Донишгоҳи омўзгории Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода чунин чорабинии фарҳангӣ баргузор намоянд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






