Сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ ба Федератсияи Русия
Душанбе, 27.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Чанде пеш байни Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва ҶДММ “Матрий групп” созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар доираи ин ҳамкорӣ 15 муҳоҷири меҳнатӣ ба вилояти Ростови Федератсияи Русия, шаҳри Шахта сафарбар гардиданд.
Бояд гуфт, ки ширкатҳои болозикр дар асоси шартномаи меҳнатӣ муҳоҷиронро то Федератсияи Русия расонида, бо ҷои кор, маоши хуб, манзили зист ва шароити зарурӣ таъмин карда, фаъолияти меҳнатии онҳоро расмӣ мегардонанд.
Инчунин бо ибтикори ҶДММ “Сомонэкспрестранс” аз шаҳри Конибодоми вилояти Суғд сафарбаркунии 18 шаҳрванд ба шаҳри Самараи Федератсияи Русия ба роҳ монда шуд. Аз инҳо нафарон 2 нафараш ноболиғ мебошанд, ки волидонашонро ҳамроҳӣ менамоянд.
Бино ба маълумоти роҳбари гурӯҳ Волидахон Раҳматова муҳлати сафари муҳоҷирони меҳнатӣ аз 1 сол пешбинӣ шудааст. Ҳамаи онҳо коргари қаторӣ мебошанд. Ёфтани ҷои кор ва истиқомат, ҳамзамон расмикунонии ҳуҷҷатҳо ба зиммаи худашон мебошад.
Дар маросими гусели муҳоҷирони меҳнатӣ намояндагони Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иштирок намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






