Сафари сокинони Конибодом барои кор ба Тюмен
Душанбе, 19.10.2015. (АМИТ «Ховар», ). — 19 нафар муҳоҷири меҳнатӣ аз шаҳри Конибодоми вилояти Суғд ба шаҳри Тюмени Федератсияи Русия сафарбар гаштанд. Бино ба маълумоти роҳбари гурӯҳ Гулбаҳор Ҳомидова муҳлати сафари муҳоҷирони меҳнатӣ аз шаш то ҳашт моҳ пешбинӣ шудааст. Вазифаи ёфтани ҷои кор ва истиқомат, ҳамзамон расмикунонии ҳуҷҷатҳо ба зиммаи худи онҳо мебошад.
Тавре ки сухангӯи Хадамоти муҳоҷират А. Қодирӣ хабар дод, аз байни субъектҳои хоҷагидори вилояти Суғд бо Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ҳамкории ҶДММ «Суғдиён Помир тур» босамар аст.
Намояндагони Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд пеш аз маросими гусели муҳоҷирони меҳнатӣ бо онҳо вохӯрда, корҳои фаҳмондадиҳӣ бурданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






