Санадҳои ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ нисбат ба 289 шаҳрванди хориҷӣ
Душанбе, 13.09.2015. (АМИТ «Ховар») .-«Дар натиҷаи санҷишҳои нўҳмоҳаи соли равон нисбат ба 289 шаҳрванди хориҷӣ санадҳои ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ тартиб дода шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 45 адад зиёд мебошад»,-гуфт сардори шуъбаи пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунии Хадамоти муҳоҷират Сафаралӣ Файзалиев.
Дар давраи ҳисоботӣ 176 нафар (дар соли 2014-76 нафар) шаҳрванди хориҷӣ бо қарорҳои суд аз марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун карда шуданд, ки ин нисбат ба соли гузашта 100 нафар зиёд мебошад.
Ҳангоми гузаронидани амалиёт дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 10041 шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла, 6152 шаҳрванди хориҷӣ дар ҷойи зисташон, 103 объектҳои сохтмонӣ, 77 объектҳои саноатӣ, 162 меҳмонхона, 45 хобгоҳ, 139 нуқтаҳои савдо ва 179 ширкатҳо, ки дар онҳо шаҳрвандони хориҷӣ фаъолият менамоянд, санҷида шуданд.
Бояд гуфт, ки амалиёти Нелегал-2015 дар вилояти Хатлон ва Суғд низ гузаронида шуд.
Бино ба иттилои сухангӯи Хадмоти муҳоҷират А.Қодирӣ, дар натиҷа барои вайрон кардани қоидаҳои будубош шаҳрвандони хориҷӣ дар марҳилаи аввали амалиёти махсус Нелегал-2015 нисбат ба 195 шаҳрванди хориҷӣ ва қабулкунандагони шаҳрвандони хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, 48 нафари онҳо барои дағалона вайрон намудани қоидаҳои будубош бо қарори суд аз қаламрави ҷумҳурӣ берун карда шуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






