Се аъзои КМИР бозхонд мешаванд
Душанбе, 26.10.2015.(АМИТ «Ховар»).-Ваколати се аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз муҳлат қатъ мешавад. Дар иртибот ба ин дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони кишвар, ки 26 октбяр таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагон доир гардид, пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бозхонд намудани Вера Наимова, Ҷамолиддин Маҳмудов ва Акбаралӣ Сатторов аз ҳайати Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Дар ҷаласа ҳамзамон лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015», «Дар бораи бозори қоғазҳои қиматнок», «Дар бораи монополияҳои табиӣ», инчунин «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳокима шуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






