Шаҳноза соҳиби «Тоҷи тиллоӣ»-и озмуни «Соҳибҷамол-2015» гардид

Октябрь 5, 2015 04:32

Душанбе, 05.10.2015 (АМИТ «Ховар»).-Зебосанами панҷакентӣ Шаҳноза Азамқулова «Тоҷи тиллоӣ»-и барнома-озмуни «Соҳибҷамол-2015»-ро, ки дирӯз, 4-уми октябри соли равон дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев барпо шуд, соҳиб гашт.  
Шаҳноза, ки  21 сол дорад ва донандаи панҷ забон мебошад, дар ҳамаи даври озмун ғолиб омада, Шоҳҷоизаи озмуни мазкурро ба даст овард. Ҳайати ҳакамони озмун ба Нилуфар Ҷаъфарова, ки маҳорати хуб дошта, донандаи 4 забон аст, мақоми аввалро  доданд.  
Баҳор Тошева аз шаҳри Турсунзода дар озмун ҷоизаи «Таваҷҷуҳи бинанда»-ро соҳиб гашт. Ӯ донандаи 3 забон буда, бо ҳусну ҷамоли хеш ва маҳорати суханварии худ на танҳо таваҷҷуҳи бинандагон, балки аъзои ҳакамонро тасхир карда, соҳиби ин ҷоиза гардид. 
Бино ба иттилои Таҳмина Худойқулова, ровии барнома, озмун дар  3 давр тӯли  9 моҳ дар шабакаи фарҳангӣ-фароғатии Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» гузаронида шуд. 
Ба гуфтаи мавсуф, барнома бахшида ба «Соли оила» гузаронида шуда, он аз панҷ бахш, намоиши либос дар ду шакл- миллӣ ва аврупоӣ, санҷиши маҳорати пазандагӣ, маҳорати забондонӣ ва расонидани ёрии аввалин иборат буд. 
Дар даври аввали озмун  41 довталаб,  даври дуюм 21 нафар ва дар даври сеюм ва ниҳоӣ 10 соҳибҷамол иштирок намуда, маҳорати хешро санҷиданд. 
Даври ниҳоии озмун дар ду бахш- санъати суханварӣ ва намоиши либос  баргузор гардид.

 

 

Октябрь 5, 2015 04:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд