Шиносоии Сарвари давлат бо фаъолияти шоликорон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Душанбе, 19.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафар аз ноҳияи Ғончӣ ба самти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар сари роҳ бо фаъолияти шоликорони ботаҷрибаи ин ноҳия шинос шуда, бо деҳқонон суҳбати самимӣ доир кард.
Тавре аз таҳлилу мушоҳидаҳо аён мегардад, кишоварзони вилояти Суғд дар парвариши шолӣ таҷрибаи бой андухта, бо кишти навъҳои серҳосил ва хушсифату бозоргири ин намуди зироат пешсаф ҳастанд.
Дар хоҷагии деҳқонии Дилшоди ноҳия, ки дар масоҳати 4 гектар навъи серҳосил ва хушмаззаи Кенҷаро кишт кардаанд, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо шоликорон дар бораи истифодаи замин, зиёд кардани тухмиҳои аълосифат, киштгардону баланд бардоштани ҳосилнокии замин, кор бо мутахассисони навъсанҷӣ, мутобиқсозии намудҳои хуби шолӣ дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ, таъмини бозорҳои дохилӣ бо ин маҳсулот, омӯхтани таҷрибаи дигар шоликорони кишвар ва хориҷ, инчунин содироти он суҳбат орост.
Дар хоҷагии деҳқонии Дилшод аз ҳар як гектар замини шолӣ 50 сентнерӣ ҳосил ба даст овардаанд ва аз руи маълумоти онҳо навъҳои аз ин ҳам серҳосил мавҷуд аст.
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хоҷагиҳои пешқадами дигар низ ҳастанд, ки ба шоликорӣ машғуланд.
Кооперативи истеҳсолии ба номи Ҷаббор Расулов 140 гектар замин, хоҷагии деҳқонии Раҳмон Набиев дар 160 гектар, Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Парандапарвар дар масоҳати 20 гектар ба парвариши шолӣ ва дигар навъи зироат машғул буда, бозорҳои ноҳияву вилоятро бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин менамоянд.
Дар охири суҳбат Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба шоликорон дар кори пуршарафи деҳқонӣ, ки бо меҳнати ҳалол маҳсулот истеҳсол мекунанд, барору комёбӣ орзу кард.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






