Қӯшунҳои Сурия дар ҷараёни хамла ба масофаи 70 км пеш рафтанд
Душанбе, 08.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Рӯзи чоршанбе қӯшунҳои Сурия бо дастгирии дастаҳои ихтиёриёни халқӣ дар музофоти Ҳома ба ҳуҷум гузаштанд. Тавре ки шабакаи телевизионии «Ал — Манор» хабар дод, амалиёти ҳарбӣ дар 200 километрии қисми шимолии шаҳри Димишқ баъди зарбаҳои судманди Қувваҳои ҳарбии кайҳонии Русия ба мавқеъҳои дастаҳои душман имконпазир гардид. Мувофиқи маълумоти шабакаи мазкур, ҷанговарони қувваҳои ҳукуматӣ тайи як шабонарӯз ба масофаи 70 километр сӯи шаҳри Ҳома пеш рафтанд.
Қисмҳои пешсаф ба шаҳри Ал — Латамана ҳамла меоранд, ки истеҳкомҳои гурӯҳҳои ифротиёни «Ҷабҳат ан — Нусра» ва «Аҳрор аш — Шом» дар он ҷо воқеъанд.
Тавре ки шабакаи телевизионии «Ал — Манор» хабар медиҳад, муҳорибаҳо басо пуршиддат буда, ҷонибҳо тӯпу техникаи зиреҳпӯшро истифода мекунанд. Дар баъзе қитъаҳои ҷабҳа душман ба ҳарос омада, қувваҳояшро сӯи минтақаҳои ҷанубии музофоти Идлиб мебарад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






