Қӯшунҳои Сурия дастаҳои террористонро таъқиб мекунанд
Душанбе, 26.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Қӯшунҳои Сурия амалиёти ҳарбиро барои рафъи оқибатҳои ҳамлаи дастаҳои гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» дар қисми шарқии шаҳри Ҳома роҳандозӣ намуданд.
Тавре ки рӯзномаи «Ал — Ватан» хабар дод, ҷанговарони қувваҳои ҳукуматӣ террористонро дар канори Ҳанасир таъқиб намуда, ду теппаи стратегиро таҳти назорати худ гирифтанд. Бино ба хабари ТАСС, рӯзи ҷумъаи гузашта силоҳбадастон дар ин минтақа «роҳи ҳаёт» — роҳи мошингарди байни шаҳрҳои Ҳома ва Алеппоро иҳота намуда буданд.
Садҳо нафар сокинони шаҳри Алеппо барои зарба задан ба дастаҳои террористон, ки вазъи таъминоти дуюмин шаҳри калони кишварро зери хатар гузоштаанд, ба дастаҳои ихтиёриёни халқӣ ҳамроҳ мешаванд.
Рӯзҳои охир «Давлати исломӣ» қувваҳои зиёдеро аз Ракка ва биёбони Сурия ба шаҳрҳои Алеппо ва Ҳома фиристод. Ба гуфтаи коршиносон, дастаҳои «Давлати исломӣ» ва гурӯҳи дигари ифротталаби «Ҷабҳат ан — Нусра»ба танзими амалиёти ҳарбии зидди қӯшунҳои ҳукуматӣ машғуланд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






