«Сиккаҳои Ҳисори Шодмон»-бахшида ба ҷашни Ҳисор
Душанбе, 26.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик китоби доктори илми таърих Давлатхоҷа Довудро таҳти унвони «Сиккаҳои Ҳисори Шодмон» аз чоп баровард.
Китоби мазкур ба 3000-солагии Ҳисор бахшида шуда, дар он тамоми сиккаҳое, ки дар водии Ҳисор ёфт шудаанд, таҳқиқ шудаанд. Қадимтарин сиккаҳои дар ин водӣ ёфтшуда ба аввали асри III пеш аз милод ба шоҳон Селевки I ва писари ӯ Антиох I тааллуқ доранд. Дар ин водӣ сиккаҳои юнонӣ-бохтарӣ, кушонӣ, сосонӣ, сомонӣ ва сулолаҳои дигар ёфт шудаанд ва онҳо дар бораи тараққиёти тиҷорат ва муомилоти пулӣ дар давраи қадим ва асрҳои миёна гувоҳӣ медиҳанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






