Силоҳбадастони «Давлати исломӣ» аз Сурия ба Туркия ва Урдун фирор мекунанд
Душанбе, 23.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Тавре ки сардори Сарраёсати Ситоди генералии қувваҳои ҳарбии Федератсияи Русия Андрей Картаполов ба журналистон хабар дод, дар Сурия силоҳбадастон гурӯҳ — гурӯҳ ба Туркия ва Урдун фирор карда, қумондонҳои саҳроии «Ҷабҳат ан — Нусра» маҷбур мешаванд, ки ҷангиёнро аз Ироқ ба майдонҳои муҳориба оваранд.
«Яке аз мушкилоти асосии силоҳбадастон сӯи қаламрави Туркия ва Урдун рӯ ба гурез овардани гурӯҳҳои террористӣ мебошад. Қумондонҳои саҳроии «Ҷабҳат ан — Нусра» таъҷилан кӯшиш менамоянд, ки қувваҳои иловагиро ба майдони ҷанг ворид намоянд, зеро дастаҳои ДОИШ мавқеъҳояшонро тарк намуда, ба самтҳои шарқӣ ақибнишинӣ мекунанд», — гуфт Картаполов.
Мавсуф қайд намуд, ки роҳбарияти ДОИШ бинобар расидани талафоти зиёд маҷбуранд, ки қувваҳои навро аз Ироқ ба Сурия оваранд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






