Силсилаи корҳои созандагӣ дар в. Суғд давоми даҳ сол
Душанбе, 21.10.2015. (АМИТ “Ховар”). — Дар натиҷаи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ солҳои 2005-2015 дар вилояти Суғд силсилаи корҳои ободониву созандагӣ, аз ҷумла бунёди 406 километр хатҳои интиқоли барқ, сохтмону барқарорсозӣ ва таҷҳизонидани се зеристгоҳи барқӣ, таҷдиди шабакаи барқии шаҳри Хуҷанд, насби трансформаторҳои пуриқтидор, бунёди нерўгоҳи хурди барқии “Марзич” дар ноҳияи Айнӣ, барқарорсозии шабакаҳои обрасонии шаҳрҳои Хуҷанд, Табошар, Чкалов, Қайроққум, Конибодом, Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, инчунин сохтмон ва таъмиру таҷдиди нақбу роҳҳо, пулҳои мошингузар ва иншооти дигари иҷтимоиву иқтисодӣ амалӣ карда шудаанд. Дар ин бора Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 21 октябр зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд изҳор дошт.
Бино ба иттилои Сарвари давлат дар маҷмўъ, дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар зарфи даҳ соли охир танҳо дар шабакаҳои энергетикии вилоят ба маблағи беш аз 1,7 миллиард сомонӣ лоиҳаҳои сармоягузорӣ татбиқ гардидаанд.
Дар ин давра ба Ҳукумати мамлакат муяссар гардид, ки бо навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Чанак, ифтитоҳи нақби Шаҳристон ва анҷоми корҳои сохтмонӣ дар нақби Истиқлол иртиботи нақлиётии вилояти Суғд ва пойтахти кишварро дар тамоми фаслҳои сол таъмин намуда, рафтуомади аҳолиро бамаротиб осону сабук намояд.
“Аҳаммияти лоиҳаҳои амалишуда барои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва вилояти Суғд ниҳоят бузург буда, аз ҷумлаи дастовардҳои бесобиқаи даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон мебошанд”, — тазаккур дод Эмомалӣ Раҳмон.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






