Соҳибистиқлолӣ аз ҷавонон масъулияти баланд тақозо дорад
Душанбе, 07.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- Чанде пеш масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо ҷавонон ва донишҷӯёни фаъоли шаҳри Ваҳдат мулоқот карданд.
Бино ба иттилои Кумитаи мазкур, дар мулоқот муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Ҳабибулло Амирбекзода, намояндагони бахши занон ва оила, оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ, директори мактаби варзишии кӯдакону наврасон ва дигар намояндагони мақомоти иҷроияи шаҳр иштирок намуданд.
Ҳ. Амирбекзода аз дастовардҳои ҷавонону варзишгарон дар даврони соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, зикр дошт, ки арзиш ва муҳимияти Истиқлолияти давлатӣ рӯз ба рӯз бештар эҳсос гардида, он аз ҳамаи ҷавонон масъулияти зиёдро талаб менамояд.
Ҳамчунин зимни мулоқот масъулин вобаста ба муҳимияти амнияту субот ва Ваҳдати миллӣ дар кишвар ибрози андеша карда, масоили гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, пешгирӣ намудани паҳншавии афкори экстремистиро дар миёни ҷавонон баррасӣ карда, онҳоро ба худшиносию ватандӯстӣ даъват карданд.
Дар чорабинӣ ба Бузургмеҳр Мирзоев, ки дар дастгир намудани ҷинояткорон дар дараи Ромит ба мақомоти қудратӣ кумак расондааст, аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Ифтихорнома тақдим шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






