Соҳибкорони тоҷик ва нақши онҳо дар рушди иқтисоди кишвар

Октябрь 13, 2015 05:33

Душанбе, 13.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Соли дуюм аст, ки дар Тоҷикистон бо ташаббуси Президенти кишвар Эмомалӣ  Раҳмон  «Рӯзи соҳибкор» таҷлил мешавад. Агар яке аз ҳадафҳои таҷлили ин рӯзи касбӣ мақом ва нақши махсус доштани соҳибкоронро дар ҷомеа нишон додан бошад,  ҳадафи дигар- ин рушди соҳибкорӣ дар мамлакат ва ҳавасманд гардонидани соҳибкорон  дар ободонии кишвар мебошад. Соҳибкорони тоҷик дар  фаъолияти худ ба кадом муваффақиятҳо ноил гаштаанд ва дар оянда  баҳри рушди соҳаи худ чӣ тасмимҳо доранд, дар робита ба ин назари чанде аз соҳибкорони кишварро пурсон шудем.

Ҳоҷӣ Неъмат: Ҳеҷ гоҳ бозори дохилиро бе ангури ватанӣ намегузорам!

Ҳоҷӣ Неъмат Усмонов, маъруф ба Ҳоҷӣ Неъмат, яке аз соҳибкорони муваффақи кишвар аст, ки  на танҳо мардуми  дохили кишвар, балки берун аз онро низ бо ангури ватанӣ таъмин мекунад. Номбурда раиси хоҷагии деҳқонии «Ватан-2008» буда, тӯли чанд сол мебошад, ки ба  ангурпарварӣ машғул аст. Ба  гуфтаи  Ҳоҷӣ  Неъмат  хоҷагии  онҳо ҳамагӣ 105 гектарро ташкил медиҳад, ки аз ин 60 гектари он  ангурзор мебошад, аммо  ин  соҳибкор  бо  сабаби  серхаридор будани ангураш  ба мавзеи мавҷудбудаи ангурзор қонеъ накарда, боз 35 гектар заминро низ обёрӣ карда, ба мавзеи токзор табдил додааст, ки ин дар маҷмӯъ 95 гектар  токзорро ташкил медиҳад: «Гарчанде ду сол қабл ангури моро сармо зада, ҳосилнокӣ кам шуд, аммо имсол  ҳосил хеле хуб аст, харидорон аксарият аз ҷумҳуриҳои Қирғизистону Қазоқистон ва Федератсияи Русия  то сари замини мо  меоянд. Барои мо  ҳаминаш сабук аст, ки  барои фурӯхтани ангур онро ба назди соҳибкорони хориҷӣ намебарем, балки онҳо худашон ба сари замин омада, аз ҳамон ҷо ангури моро харидорӣ мекунанд»,-афзуд Ҳоҷӣ Неъмат .

Ҳоҷӣ Неъмат Усмонов ҳамчунин иброз дошт, ки имрӯз ба ангури онҳо на танҳо кишварҳои хориҷи кишвар, балки аз ҳама бештар дар дохил талабот вуҷуд дорад. Аз ин рӯ номбурда таъкид дошт, ки имсол  хоҷагии онҳо сардхонае сохтааст, ки иқтидори нигоҳ доштани  500-600 тонна ангурро дошта, пас аз 2-3 моҳ  метавон ангурро аз нав фурӯхт, ки ин имкон медиҳад бозори дохилӣ ҳамеша бо меваи тоза таъмин бошад. Тавре ки иттилоъ ёфтем, Ҳоҷӣ Неъмат Усмонов на танҳо ангур, балки 20 навъи дарахти сояафканро низ парвариш мекунанд, ки он харидорони  зиёдро пайдо намудааст. Ў ҳамчунин гуфт, баҳри рушди соҳаи кишоварзӣ ҳамчун соҳибкор ба парвариши дигар меваҳо низ машғул хоҳад шуд: «Ман айни замон себи интенсивӣ ташкил карда истода ва ниҳолро бо нархи баланд аз Фаронса, Олмон  ва дигар кишварҳо оварда, бо ҳамкории Институти боғдорӣ  тагрешаи  зиёд карда истодаам. Кадом намуди себе, ки дар мамлакати мо мувофиқ аст, аз он пайванд карда, ниҳоли себи интенсивиро барвақт монда истодаем»,-иброз дошт  Ҳоҷӣ  Неъмат. 

Соҳибкорзанон низ дар пешрафти кишвар саҳми назаррас доранд
          
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳо барои рушди соҳибкорӣ зиёд буда, ҳар шахси  ташаббускор метавонад рӯ ба соҳибкорӣ орад. Ҳамин аст, ки имрӯз дар баробари мардон занон низ дар ин бахш нақши муҳим дошта, дар пешрафти кишвар  саҳми назаррас мегузоранд. Мавҷуда Ҳакимова-соҳибкорзане, ки 15 соли фаъолияти худро ба соҳибкорӣ бахшидааст ва ҳанӯз ҳам онро идома дода истодааст. Ў мегӯяд, фаъолияти соҳибкории худро  барои беҳтар намудани  соҳаи мактабу маориф равона кардааст. Гарчанде бо ташаббуси Мавҷуда Ҳакимова дар ноҳияи Ҳисор як кӯдакистони хусусӣ  ва як мактаби ибтидоии хусусӣ  ба истифода дода шудааст, аммо ӯ ният дорад боз як кӯдакистони дигарро ба истифода диҳад, ки он аллакай ҳуҷҷатгузорӣ шудаистодааст. «Ба ин коре, ки дар ноҳияи Ҳисор кардаам, қаноатманд буда наметавонам, мехоҳам, ки доираи соҳибкории худро васеъ кунам ва тавонам, ки дар баъзе аз ноҳияҳои тобеи марказ барои тарбияи насли наврас  кӯдакистон ё мактабҳои хусусӣ ба истифода диҳам»,-гуфт Мавҷуда Ҳакимова-соҳибкорзан аз ноҳияи Ҳисор. 

«Агар соли гузашта 14 000 тонна пилла парвариш гардида бошад, пас имсол ин нишондод ба 14 340 тонна расида, нақшаи пиллапарварӣ 107% иҷро гардид»,-иброз дошт Муҳаррама Раҳматова-сардори корхонаи фаръии «Пилла»-и ноҳияи  Шаҳринав. Ба гуфтаи ин соҳибкорзан муддати 4 соле, ки ӯ ба ҳайси роҳбари  корхона фаъолият дорад, дар мамлакат барои рушди соҳаи пиллапарварӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. «Мо бо сармоягузори «Тоҷсилк» шартномаи ҳамкорӣ дорем. Ҳоло мо пиллаи  тайёркардаро ба сармоягузор супоридем, ки он аввал дар Тоҷикистон коркард  шуда, баъд  аз коркарди якум, баъди  нах шудан ба  Афғонистон бурда мешавад»,-афзуд номбурда. Муҳаррама Раҳматова рушди фаъолияти соҳибкории худро натиҷаи дастгириҳои Ҳукумати кишвар ва шароити  мусоиди соҳибкорӣ дар кишвар номида, иброз дошт, ки дар оянда фаъолияти соҳибкориашро боз   васеътар  хоҳад  кард.

«Ширкати алюминийи  тоҷик»: Бо зиёд намудани  ҳаҷми истеҳсолот ҷойҳои кориро зиёд мекунем
 
Агарчи яке аз ҳадафҳои рушди бахши соҳибкорӣ дар истеҳсолот  таъмини кишвар бо молу маҳсулоти босифати ватанӣ бошад, ҳадафи дигари он зиёд намудани теъдоди ҷойҳои корӣ барои шаҳрвандони мамлакат мебошад. Яке аз корхонаҳои  маъруфи ватанӣ, ки имрӯз на танҳо дохили кишвар, балки кишварҳои зиёди ҷаҳонро бо алюминий таъмин мекунад, КВД «Ширкати алюминийи тоҷик»  мебошад. Рустам Холов-ёрдамчии директори идоракунии КВД «Ширкати Алюминии тоҷик» дар робита ба дастовардҳои корхонаи мазкур иброз дошт, ки  ширкати онҳо  дар як рӯз зиёда аз  420 тонна маҳсулот истеҳсол намуда, маҳсулоти корхона дорои сертификати байналмилалии «ИСО» мебошад. «Имсол низ ин сертификатро сазовор шудем, ки ин имкон медиҳад, маҳсулоти худро дар тамоми кишварҳои Авруосиё бе мамониат ба фурӯш барорем. Дар айни замон 85-90%-и маҳсулоти истеҳсолшавандаи мо ба хориҷа бароварда мешавад»,-афзуд  Рустам Холов.  Номбурда  иброз  дошт, ки баъд аз таҷлили 40- солагии  КВД «Ширкати Алюминийи тоҷик» корхонаи онҳо бо як зумра  ширкатҳои дохиливу хориҷӣ созишномаҳо баста, шумораи электролизорҳоро дар ин муддат 100 адад зиёд намудааст. «Бо зиёд намудани  ҳаҷми истеҳсолот теъдоди кормандонро низ зиёд хоҳем кард»,-таъкид дошт ёрдамчии директори идоракунии КВД «Ширкати Алюминии тоҷик». 
Шавкат Мӯъминов-директори истеҳсолоти электролизии «Ширкати алюминии тоҷик» дар робита ба фаъолияти ширкат гуфт, ки нисбат ба солҳои гузашта имсол бештар пешравиҳо дида мешаванд. «Миқдори  дегҳо зиёд шуда истодааст, маҳсулоти корхона дар 8 моҳи охир 35-40% зиёд истеҳсол шудааст. Сифати алюминий хеле хуб  шуда, то 70%  тамғаи алюминий  истеҳсол шуда истодааст»,-афзуд  номбурда.  

Талоши соҳибкорон барои сохтмони корхонаҳои нав дар кишвар
          
Нақши соҳибкорон дар ободу зебо гаштани Тоҷикистон назаррас буда, ҳамасола ташаббусҳои нав ва созанда аз ҷониби ин қишри  ҷомеа пешниҳод мешаванд. Аз ҷумла, бо дастгирии ҶДММ «Электрогидромаш»  дар айни  замон сохтмони  хати оби нӯшокӣ  дар ноҳияи Рӯдакӣ ба роҳ монда шуда, зиёда аз 22 км қубурҳои кӯҳнашудаи ноҳия аз нав таъмир мешаванд. Бахтиёр Ҷурахонов-директори  ҶДММ «Электрогидромаш» дар робита ба рушди соҳаи худ иброз дошт, ки  барои таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои нави корӣ  лоиҳаи наве оид ба сохтмони корхонаи нави истеҳсоли қубурҳои полиэтиленӣ «Рӯдакӣ Пласт» пешниҳод намудааст. «Он  маҳсулоте, ки ҳоло дар соҳаи кишоварзӣ ва обёрикунии  ҷумҳурӣ истифода мебарем, аз дигар кишварҳои хориҷӣ  оварда мешаванд, хуб мешуд, ки ин Корхонаи истеҳсоли қубурҳоро дар Тоҷикистон ба роҳ  монда, оянда наздики 100 ҷойи нави кориро  барои халқи тоҷик  муҳайё созем»,-афзуд номбурда. 

Рустам Тоҳиров-директори ҶДММ «Меҳансоз», соҳибкори дигари тоҷик иброз дошт, ки  дар тамоми қаламрави Тоҷикистон  барои фаъолияти соҳибкорӣ фазои мусоид фароҳам оварда шудааст, ки ин имкон медиҳад соҳибкорон дар қаламрави  кишвар сохтмони биноҳои зиёдро ба роҳ монда, барои таъмини нафарони ниёзманд бо ҷойи кор ва музди мувофиқ мусоидат намоянд. «Мо дар оянда ният дорем, ки  ягон корхонаи истеҳсолӣ сохта,  мардумро соҳиби ҷойи кор кунем  ва барои рушди Тоҷикистон саҳми худро гузорем»,-афзуд директори ҶДММ «Меҳансоз».

Маҳз  фаъолияти самараноки соҳибкорони тоҷик аст, ки имрӯз робитаҳои иқтисодии Тоҷикистон  бо дигар кишварҳо бамаротиб  рушд ёфтааст. Аз ҷумла, Ҳусейн Ҳошимӣ-мушовири иқтисодии Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон иброз дошт, ки Тоҷикистон дар соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика, ҳамлу нақл имкониятҳои зиёд  дорад, ки ин тавонистааст таваҷҷуҳи  ширкатҳои зиёди эрониро барои ҳамкорӣ ба худ ҷалб намояд: «Мо 150 ширкати фаъоли эронӣ дар Тоҷикистон дорем, ки  бисёре аз онҳо бо ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкорӣ доранд  ва ин ҳамкорӣ  рӯ ба афзоиш дорад»,-гуфт Ҳусейн Ҳошимӣ. Ба гуфтаи номбурда  гардиши  тиҷоратии Тоҷикистону Эрон  дар  соли  гузашта 300 млн долларро ташкил дод ва ҳамзамон лоиҳаҳои гуногун тавассути сармоягузорони  эронӣ   дар Тоҷикистон  амалӣ  гашта истодаанд.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш  бо мақсади рушди соҳибкорӣ дар мамлакат бахшида ба Рӯзи соҳибкорон Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Анҷумани иқтисодии байналмилалии «Ҳисор-3000»-ро оид ба нақши соҳибкорӣ дар рушди минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор  намуд ва дар он намояндагони вазорат, доираи васеи соҳибкорони ватаниву хориҷӣ, намояндагони сафоратҳои кишвар,  дафтари САҲА дар Тоҷикистон, Бонки Осиёии Рушд (БОР), Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон (БРСММ) ва раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ иштирок намуданд. Меҳмонон ва соҳибкорон барои шиносоӣ бо дастовардҳо ва корхонаҳои истеҳсолии мамлакат ба шаҳрҳои Турсунзода ва Ҳисор сафар намуданд.

 

 

Октябрь 13, 2015 05:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Женева дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи роҳу нақлиёт муаррифӣ шуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 феврал дар Вазорати молия, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Симпозиуми байналмилалии авиатсияи гражданӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб
Дар соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон, саноат ва савдои шаҳри Ҳисор беш аз 5,4 ҳазор ҷойи нави кор таъсис ёфтааст
Онлайн-хизматрасонӣ: чӣ тавр метавон масъалаи мобилиро дар якуним дақиқа ҳал намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
13 феврал дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кишоварзони Ҳисор беш аз 11,3 ҳазор тонна мева ва хушкмева содирот намуданд
Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо доир гардид