«Созандагони Ватан» муборизаро бар зидди ақидаҳои ифротӣ пурзӯр менамояд
Душанбе, 02.20.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар мавзӯи «Ифротгароии ҷавонон: омилҳо ва роҳҳои пешигирии он» мизи мудаввар баргузор шуда, ҳамчунин марҳилаи дуюми баргузории маҷмӯи чорабиниҳо оид ба пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ оғоз шуд.
Дар чорабинӣ оид ба ифротгароии ҷавонон, омилҳо ва роҳҳои пешгирии он, ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, ки ба амнияти давлатҳо хатари ҷиддӣ эҷод менамоянд ва огоҳ сохтани мардум, бахусус ҷавонон аз оқибатҳои нохуши онҳо маърӯзаҳо қироат гаштанд.
Ҳамчунин аз ҷониби роҳбарияти ТҶҶ «Созандагони Ватан» бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд вохӯрӣ анҷом дода шуд. Зимни мулоқот атрофи ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии террористию экстремистӣ суҳбати судманд доир шуд. Зимни машварат донишҷӯён аз ҳадафҳои шуми ҳизбу ҳаракатҳое, ки фаъолияташон манъ карда шудааст, огоҳӣ пайдо намуда, иқдомоти мақомоти давлатиро дар хусуси манъ намудани фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳое, ки фаъолияташон хусусияти террористию экстремистӣ дорад, ҷонибдорӣ намуданд.
Дар назар дошта шудааст, ки чунин вохӯриҳо бо донишҷӯёни дигар макотиби олии шаҳри Хуҷанд баргузор шаванд.
Бояд иброз намуд, ки ТҶҶ «Созандагони Ватан» шурӯъ аз моҳи июн дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар марҳилаи аввали чорабиниҳоро ба хотири пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ аз рӯи усули кӯча ба кӯча ба анҷом расонида, марҳилаи дуюми онро бо иштироки фаъолони ҷомеа ва донишҷӯёни макотиби олӣ шурӯъ намуд. Баргузории ҷунин мизҳои мудаввар ва вохӯриҳо дар шаҳрҳои Хоруғ, Қурғонтеппа, Кӯлоб ва Душанбе ба нақша гирифта шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






