Суханронии Ш. Зуҳуров дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Остона
Душанбе, 06.10.2015.(АМИТ «Ховар»).- Тавре ки иттилоъ додем, ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зухуров дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар кори ҳамоиши байналмилалии «Дурнамои иқтисодии Авруосиё» иштирок дорад.
Тавре ки сухангӯи Парлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов аз шаҳри Остона ба мо иттилоъ дод, имрӯз, 6 октябр, раиси Парлумони касбии мамлакат Шукурҷон Зуҳуров дар радифи дигар раисони парлумонҳо, дар назди иштирокчиёни форуми мазкур маърӯза намуда, аз ҷумла чунин иброз дошт:
— Боиси хушнудист, ки ҳамоиши имрӯза идомаи силсилаи ҳамоишҳо дар мавзӯи «Дурнамои иқтисодии Авруосиё» буда, дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва бовар мегузарад. Тоҷикистон ғоя ва андешаи баррасии масоили ҳамкорӣ дар заминаи бунёди Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва камарбанди иқтисодии Роҳи Абрешимро ҳамаҷониба ҷонибдорӣ менамояд ва мо бовар дорем, ки тавсияҳои дар ин ҳамоиш пешниҳодшуда барои татбиқи муваффақонаи ин ташаббусҳо ва рушди оянда ва таҳкими ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ байни кишварҳоямон мусоидат менамоянд.
Дар шароити муосир густариши ҳамкории минтақавӣ унсури муҳим дар ташаккули ҷаҳони бисёрқутба ва ҷаҳонишавии иқтисодӣ бо роҳи ҳамоҳангсозии ҳадафҳои сиёсӣ, рушди иқтидори инфрасохтор, тавсеаи фаъолиятҳои мутақобилаи тиҷоратӣ-сармоягузорӣ, таҳкими сармояи инсонӣ ва густариши робитаҳои башардӯстона ба шумор меравад.
Татбиқи нақшаи камарбанди иқтисодии Роҳи Абрешим барои кишварҳои Авруосиё дар рушди иқтидор ва густариши минбаъдаи ҳамкории мутақобилаи иқтисодиву тиҷоратӣ дар масири Роҳи бузурги Абрешим неруи муҳим буда метавонад. Ниҳоятан, дар навбати худ он шароити мусоидро барои ҷалби ҳарчи бештари таваҷҷуҳи кишварҳои сармоягузор, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди ММД ва дар маҷмӯъ, беҳтар гардидани некӯаҳволии аҳолӣ ба вуҷуд меорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҳамкории зич дошта, ташаббуси таъсиси камарбанди Иқтисодии Роҳи Абрешимро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.
Бо қаноатмандӣ мехоҳам зикр намоям, ки талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба гузаронидани ислоҳоти амиқ дар бахшҳои гуногуни иқтисодӣ бо мақсади ноил гардидан ба муваффақиятҳо дар заминаи суботи макроиқтисодӣ, ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ — иқтисодӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии аҳолӣ равона гардида буданд. Дар мавриди самарабахшии ин ислоҳот ҳаминро бояд таъкид кард, ки ҷараёни инкишофи ҳаҷми ҳақиқии ММД тӯли панҷ соли гузашта тақрибан 40% — ро ташкил дода, дар баробари афзоиши ҳаҷми ҳақиқии музди меҳнат ба андозаи 2,1 маротиба расид.
Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи нақшаҳои ҳамгироии минтақавӣ барои иҷрои вазифаҳои стратегӣ дар заминаи таъмини амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ, рушди зерсохторҳо, беҳтар сохтани муҳити сармоягузорӣ ва таъмини шароити мусоид барои инкишофи бахшҳои хусусӣ, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ дар сохторҳои гуногуни иқтисоди миллӣ мусоидат мекунад.
Мехоҳам таъкид намоям, ки кишварҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Созмони ҳамкории Шанхай ҳамчун шарикони дерина ва боварбахши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, илмӣ — техникӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дигар арсаҳои равобит ба шумор мераванд.
Татбиқи нақшаи камарбанди иқтисодии роҳи Абрешим ва амалкарди ҳамаҷонибаи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар самти фаъолиятҳои мутақобила ҳамдигарро такмил дода ва ба манбаи нави неру ва қувва барои беҳтар гардидани нақшаҳои стратегии ҳамкорӣ байни кишварҳои аъзо табдил мешавад.
Тавре ки маълум аст, камарбанди иқтисодии Роҳи Абрешим на танҳо Осиёи Марказиро фаро мегирад, балки дарбаргирандаи Русия ва кишварҳои Қафқоз ва роҳи баромад ба мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо низ ҳаст. Аз ин рӯ, шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ байни ҷумҳуриҳои минтақа устуворона рушд карда, боиси тақвияти ҳамкории тиҷоратӣ — иқтисодӣ мегарданд.
Бартарияти асосии кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ҳолати ҷуғрофии онҳо бо мавҷуд будани шароити мусоиди ҳамкории минтақавӣ бо мақсади ташкили камарбанди иқтисодӣ мебошад. Тамоюли амалишавии нақшаҳои муштарак ба кишварҳо шароит фароҳам меорад, ки аз имкониятҳои мавҷуда дар заминаи азхудкунии манобеи нави энергетикӣ, фановариҳои муосир, транзит ва робитаҳои мутақобила бештар ва самарабахштар истифода намоянд.
Аз нуқтаи назари иқтисодӣ ва бо назардошти имконоти рушди даҳлезҳои нақлиётӣ ва нақшаҳои ҳамкории логистикӣ, ин лоиҳа барои ҳамаи кишварҳое, ки дар ҳудуди Роҳи бузурги Абрешим қарор доранд, аҳамияти калон дорад.
Вазифаҳои муҳимтарини амалишавии лоиҳаи мазкур аз коҳиши марҳила ба марҳила ва сипас комилан аз байн рафтани монеаҳо дар бахши тиҷорат ва сармоягузорӣ байни ширкаткунандагони ин лоиҳа иборат мебошад. Ниҳоятан, ин лоиҳа имкон медиҳад, ки ба таври комил иқтидори тиҷоратӣ ва сармоягузории кишварҳои ширкаткунандаро боз намояд. Ғайр аз ин, лоиҳа дар навбати аввал тақвияти ҳамкории бисёрҷониба дар бахши молиявӣ, таъмини муттасили муомилоти пулӣ ва ҳамоҳангсозии низоми асъории кишварҳои иштирокдорро тавассути таъсиси шабакаи минтақавии ташкилоти молиявӣ ва мутобиқсозии ҳаракати ҷараёнҳои молиявӣ дар назар гирифтааст.
Бахши муҳимтарини лоиҳаи мазкур бунёди даҳлези босуръати нақлиётӣ, ки ҷавобгўи талаботи муосири логистикӣ аст, ба шумор меравад. Муайян кардани алгоритми ҳамкорӣ барои ҳар кишвар дар заминаи таъсиси камарбанди иқтисодӣ имконият медиҳад, ки ҷойҳои нави корӣ ташкил шуда, ба рушди зерсохторҳои миллӣ мусоидат намуда, бозори миллиро фаъол созанд.
-Мо бовар дорем, ки ҳамгироӣ ва ҳамкории Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва кишварҳо дар амалишавии чунин лоиҳаҳо, ки ҷавобгӯи талаботи замон ва ормонҳои халқи мо мебошанд, ба ҷалби ҳарчи бештари кишварҳои минтақа дар фазои муносиботи сатҳи ҷаҳонӣ, беҳтар шудани сатҳи рақобатпазирии иқтисодӣ ва баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ сабаб мегардад, -гуфт дар анҷоми суханронияш раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров.