Ташкили марказҳои рушди барвақтии кӯдакон дар назди мактабҳои Бадахшон

Октябрь 26, 2015 09:55

Хоруғ, 26.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- «Дар қаламрави ВМКБ 21  маркази  рушди барвақтии  кӯдакон  фаъолият доранд. 191  адад  чунин маркази рушди барвақтии  кудакон дар назди  мактабҳо  дар деҳоти дурдаст  ташкил гардидаанд.   Ин марказҳо  махсусан барои кӯдакони вилояти Бадахшон ташкил гардидаанд ва кӯдакони аз  якуним то шашсоларо   тибқи гурӯҳҳо дар бар мегиранд. Дар онҳо  дар баробари бозиҳои гуногуни синнусолӣ, асосан  забони давлатӣ  ёд дода мешавад.  Ҳадаф аз  ташкили чунин  марказҳо  омода намудани   атфоли ВМКБ ба макотиб мебошад, зеро  то синни мактабӣ расидан  кӯдакони вилоят  бо забони давлатӣ шинос набуда, дар хона бо забони модарӣ  сухан мегӯянд ва ин забонҳо дар Бадахшон дар ҳар минтақа ҳар гуна ҳастанд», — иброз дошт  муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии  Тоҷикистон   Тоҷиниссо  Маҳмадова.  Бо иштироки номбурда  ва  муаллифони китобҳои дарсӣ, олимону профессорон  ва дигар мутахассисони соҳаи маориф   тайи шаш рӯз   дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ,  бо  омӯзгорони ботаҷриба   мулоқот  доир  гардид . Бобизода  Ғуломқодир — президенти  Академияи  таҳсилоти Тоҷикистон    изҳор дошт, ки  ҳадафи мулоқот  ба  инобат   гирифтани эроду пешниҳодоти омӯзгорони пешқадам  бобати  муҳтавои китобҳои таълимӣ  ва дигар мушкилиҳои ҷойдоштаи  соҳа дар вилоят мебошад.  
Шаҳрванд Мунир  Ҳабиб, ки   дар вохӯрии  фаъолони ВМКБ  бо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон  бобати душворфаҳм будани  китобҳои дарсӣ ва ба талабот ҷавобгӯ набудани онҳо норозигӣ баён дошт,  дар вохӯрӣ изҳор дошт, ки   калимаҳои нави ба китобҳои дарсӣ дохилшуда бояд  дар зер, дар луғат  шарҳгузорӣ шаванд, то барои  толибилмон  фаҳмо бошанд. Мутахассисони Вазорати  маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаллифони китобҳои дарсӣ ба саволҳо ҷавобҳои саҳеҳ дода, муовини вазири  маориф ва илми Ҷумҳурии  Тоҷикистон   Тоҷиниссо  Маҳмадова ҳамзамон зикр дошт, ки  тибқи нақшаи Вазорати маориф ва илми кишвар ба стандартҳои таълимии  давлатӣ  ва стандартҳои  таълимии фаннӣ   тағйирот ворид шудаанд. Стандартҳои  таълимии фаннӣ  барои  синфҳои ибтидои  пешкашгардида  дар 500  мактаби  мамлакат  мавриди таҷриба қарор доранд . 
Эраҷ  Ҷонмирзоев, устоди филиали  Донишкадаи  ҷумҳуриявии  такмили  ихтисос  ва бозомӯзии кормандони  соҳаи маориф дар ВМКБ  гуфт, ки дар вохӯрӣ бо омӯзгорони пешқадам қариб 300 таклифу пешниҳод баён гардид, ки бештарашон қобили қабул ҳастанд.

Октябрь 26, 2015 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикаи Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
13 август дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад