Таъсиси 13 маркази адрасу атласбофӣ дар ноҳияи Ғафуров
Душанбе, 01.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Ба муносибати Соли оила ва бо мақсади омӯзиши сатҳи иҷтимоии оилаҳою пешгирии ҳолатҳои номатлуб дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҷалби шахсиятҳои барӯманд, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, табибон, имом-хатибон бо усули «хона-ба хона» байни аҳолӣ корҳои фардӣ бурда мешаванд.
Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, дар шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳия маркази машваратӣ-ҳуқуқӣ амал менамояд. Ба ин марказ 200 шаҳрванд муроҷиат намудааст, ки аз ин ҳисоб 164 нафараш зан ва 36 нафараш мард мебошад. Аз ҷониби ҳуқуқшиносони марказ ба муроҷиаткунандагон ройгон маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода шуданд.
Барои эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва бо шуғл фаро гирифтани занону духтарон низ тадбирҳо андешида мешаванд.
Дар ноҳия 13 маркази адрасу атласбофӣ ташкил шудааст, ки дар он 60 дастгоҳ мавҷуд буда, наздик ба 100 нафар бону ҳунар меомӯзад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






