Таъсиси Марказ оид ба мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм дар ДСРТ
Душанбе, 23.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Минбаъд дар Тоҷикистон дар назди факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи (славянии) Русияву Тоҷикистон маркази илмӣ-тадқиқотӣ оид ба мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм фаъолият хоҳад кард. «Дар ин марказ пеш аз ҳама китобҳои гуногуни таълимӣ, рисолаҳои илмӣ омода гашта, гузаронидани нишасту конфронсҳо ва ҷаласаҳои муштарак бо ташкилоти байналмилалӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ дар назар аст»,-иттилоъ дод Алиҷон Абдуҳамидов, директори марказ, мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии Донишгоҳи (славянии) Русияву Тоҷикистон имрӯз, 23 октябр зимни ифтитоҳи расмии Маркази илмӣ-тадқиқотӣ оид ба мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм.
«Имрӯз дар ҷомеа ҳам амалҳои террористӣ ва ҳам экстремистӣ ҳамчун ҷиноят эътироф мешаванд ва нафаре, ки ба ин амал даст мезанад, бояд аз оқибати ҳуқуқии он огоҳ бошад, пас марказ вобаста ба иҷрои ин 3 вазифа метавонад, ки яке аз муассисаҳои пешгирикунандаи амалҳои террористиву экстремистӣ бошад», — гуфт Дониёр Сангинов-устоди факултети ҳуқуқшиносии ДМТ. Ба гуфтаи номбурда барои мубориза бурдан бо ҳама гуна амалҳои зиддиқонунӣ мавҷудияти санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии алоҳида басанда набуда, балки мақомот ё марказҳое бояд вуҷуд дошта бошанд, ки татбиқи меъёрҳои қонунҳои алоҳидаро дар амал татбиқ намоянд. «Пас, мавҷудияти чунин марказ фишанги амалинамоии қонунҳои кишвар ва муборизаи шадид баҳри пешгирии ин гуна ҷинояткориҳост»,-таъкид намуд ҳуқуқшиноси кишвар.
Алиҷон Абдуҳамидов-директори Маркази илмӣ-тадқиқотӣ оид ба мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм дар Тоҷикистон зарурати таъсиси ин марказро ба вазъи номатлуби имрӯзаи ҷаҳон вобаста дониста, афзуд, ки дар оянда на танҳо китобҳои таълимӣ ва рисолаҳои илмӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд, балки машғулиятҳои илмӣ бо донишҷӯён, устодон ва дигар шаҳрвандони хоҳишманд низ гузаронида хоҳанд шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






