Теъдоди фавтидагони зилзилаи Афғонистону Покистон ба 154 нафар расид
Душанбе, 26.10.2015. (АМИТ «Ховар»). – Теъдоди фавтидагони зилзилаи Афғонистон ва Покистон ба 154 нафар расид. Дар ин бора сомонаи рӯзномаи покистонии «Даун» иттилоъ медиҳад.
Бино ба иттилои манобеъ, бар асари зилзила дар Афғонистон 24 нафар ва дар Покистон 130 нафар ҳалок гаштааст.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз соати 13.39 вақти маҳаллӣ дар Афғонистон зилзила бо қувваи 7,5 бал ба амал омад. Маркази зилзила дар умқи 212,5 километр дар километри 45-уми қисмати ҷанубу ғарбӣ аз шаҳри Ҷурм ҷойгир будааст.
Ларзишҳои зеризаминӣ дар кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ низ эҳсос гардиданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






