Тоҷикистон дар форуми «Соҳибкории хурди кишварҳои узви СҲШ ва БРИКС» иштирок мекунад

Октябрь 9, 2015 04:42

Душанбе, 09.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Тоҷикистон  дар  кори  форуми  якум  таҳти  унвони  «Соҳибкории  хурди  минтақаҳои  кишварҳои  узви  СҲШ ва  БРИКС», ки  аз  21  то  23  октябр  дар  шаҳри  Уфа (Бошқирдистон)  баргузор  мешавад,  иштирок  менамояд.
Ҳадафи  форум барқарор  намудани ҳамкории  миёни  ширкатҳои  хурду  калони  минтақаҳои  кишварҳои  СҲШ  ва  БРИКС  дар  принсипҳои  субконтрактатсия ва аутсорсинг, ҳамчунин ҷалби  сармояҳо ва  афзун  намудани теъдоди лоиҳаҳои  муштараки  соҳибкорист. 
Намояндагони  Бразилия, Ӯзбекистон,  Афғонистон,  Беларус, Туркия, Италиё,  Сербия, Чин, Канада, Британияи  Кабир,  Покистон,  Уганда, Ҳиндустон ва  Русия барои  иштирок дар  форум дархост додаанд.
Ғайр  аз  ин,  дар  доираи  форуми  якум Намоишгоҳи  соҳибкорони  минтақаҳои  кишварҳои  узви СҲШ ва  БРИКС доир  мегардад. Иштирокдорони  намоишгоҳ — корхонаҳои  асосии  соҳибкории  хурду  миёнаи  кишварҳои  CҲШ ва БРИКС, маҳсулоти нави саноатӣ, дастовардҳои бахши сайёҳӣ, тиб ва  кишоварзиро ба  маърази  намоиш  мегузоранд. 

 

Октябрь 9, 2015 04:42

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд