«Тоҷиксуғурта»-и Ҷиргатол: 746 шартнома зиёдтар баста шуд
Душанбе, 27.10.2015 (АМИТ “Ховар”).- Филиали КВД «Тоҷиксуғурта» дар ноҳияи Ҷиргатол дар соли равон бо 3359 шахси ҳуқуқиву воқеӣ шартномаи суғуртавӣ бастааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 746 шартнома зиёд мебошад.
Оид ба ҳамаи намудҳои суғурта 110 ҳазору 495 сомонӣ пардохт ворид гардид, ки 110,8 фоизро ташкил менамояд. Дар давоми соли равон ба 39 шахси ҳуқуқиву воқеӣ, яъне суғурташавандагони ба ҳаёту саломатиашон осебрасида ва ё молу амволашон корношояму нобуд гардида ба маблағи 27 ҳазору 837 сомонӣ ҳақгузорӣ шудааст.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






