Толибаҳои Қумсангир — ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии пушкинхонӣ
Душанбе, 27.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Дар Маркази илму фарҳанги Русия воқеъ дар шаҳри Душанбе Озмуни Х ҷумҳуриявии пушкинхонӣ баргузор гардид.
Дар озмун хонандагони синфҳои 8 — 11 макотиби таҳсилоти умумии шаҳрҳои Душанбею Турсунзода ва ноҳияи Қумсангир, ҳамчунин фарзандони оилаҳои ҳамватанони русиягии сокини Тоҷикистон иштирок намуданд. Толибаи синфи 10 мактаби таҳсилоти миёнаи № 1 ноҳияи Қумсангир Шаҳрбону Додобоева дар бахши «Назм» ва толибаи синфи 8 мактаби таҳсилоти миёнаи № 1 ноҳияи Қумсангир Анна Моисеева дар бахши «Наср» ғолибони мутлақи озмун гардида, бо диплому инъомҳои қиматбаҳо қадр карда шуданд.
Дар озмун 33 нафар мактабиён ширкат намуда, ба ҳамаи онҳо тасдиқномаҳои озмун супурда шуданд.
Озмун бо ибтикори Шӯрои танзимотии ҳамватанони русиягӣ дар Тоҷикистон, Маркази илму фарҳанги Русия воқеъ дар шаҳри Душанбе ва клубҳои Пушкини мактабҳо созмон дода шуд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






