Ҳукумати Британияи Кабир Тоҷикистонро дар рушди соҳибкорӣ дастгирӣ менамояд
Душанбе, 22.10.2015. (АМИТ «Ховар», ). — Вазорати Британияи Кабир оид ба рушди байналмилалӣ (DFID) ва Котиботи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағи иловагӣ дар ҳаҷми 3,75 миллион $ ИМА-ро барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карданд. Тафоҳумномаи мазкур бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ 14-уми октябри соли 2015 дар Тоҷикистон дар дуюмин Форуми байналмиллалии соҳибкорӣ, ки сармоягузорони наздик ва дурро ҷамъ овард, ба имзо расид.
Барнома аз ҷониби Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ ба воситаи Барномаи сармоягузории Осиёи Марказӣ дар худуди Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон то охири соли 2017 амалӣ гардида, дар як силсила самтҳои муҳим барои Тоҷикистон, аз ҷумла, низомномаи бизнес ва сиѐсати сармоягузорӣ, баланд бардоштани идоракунии андоз, мустаҳкамкунии таҷрибаи идораи корпоративӣ дар ширкатҳои миллӣ, рушди платформаи пардохти мобилӣ ва мусоидат намудани рушди ҳамкории шахсӣ-давлатӣ кор хоҳад бурд.
Як дастоварди барномаҳо ба миқдори 30 миллион доллари ИМА кам кардани хароҷоти корхонаҳо вобаста бо риояи қонунҳои андозгузорӣ, инчунин кам кардани шумораи иҷозатномаҳо ва аудити андоз мебошад. Бо истифода аз беҳтарин усулҳои идоракунии корпоративӣ ширкатҳои миллӣ тақрибан 6 миллион доллари ИМА сармоягузории хусусиро ҷалб кардаанд.
Вазорати Британияи Кабир оид ба рушди байналмилалӣ Тоҷикистонро беш аз 9 соли охир дастгирӣ намуда, дар беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ саҳм мегузорад
Вазорати Британияи Кабир оид ба рушди байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз асосҳои татбиқи ислоҳоти содир барои дастгирии бахши хусусии фаъол ва диверсификатсия ҳамчун қисми рушди устувори иктисодиёт ва паст кардани сатхи камбизоатӣ дар Тоҷикистон истифода бурда истодааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






