Вохӯрӣ бо намояндагони Барномаи мусоидат ба идораи сарҳадот
Душанбе, 23.10.2015. (АМИТ «Ховар»). -Дар бинои ВКД миёни намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ ва Барномаи мусоидат ба идораи сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА) вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур сардорони раёсат ва шуъбаҳои дахлдори Вазорати корҳои дохилӣ, намояндагони Барномаи мусоидат ба идораи сарҳадот дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла полковник Владимирс Загузовс — сардори Департаменти маъмурии Хадамоти давлатии сарҳадоти Ҷумҳурии Латвия, подполковник Раитис Тиликс — менеҷери минтақавии БОМКА ва дигарон иштирок доштанд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо дар доираи барномаи мусоидат ба идораи сарҳадот дар Осиёи Марказӣ масъалаҳои баланд бардоштани самаранокӣ ва натиҷабахшии идораи сарҳадот дар Тоҷикистон, пешгирии савдои одамон, мумоилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, воситаҳои нақлиёти рабудашуда, бақайдгирии гурезаҳо ва будубоши шаҳрвандони хориҷиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Намояндагони барномаи мазкур дар рушди ҳамкории судманд бо Вазорати корҳои дохилӣ, мусоидат намудан ба баргузории семинарҳои омӯзишӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ изҳори омодагӣ намуданд.
Бояд зикр кард, ки Барномаи мусоидат ба идораи сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА) асосан самтҳои татбиқи чораҳоро бо мақсади баланд бардоштани самаранокии санҷишҳои сарҳадӣ, ки ба савдо ва интиқоли қонунии молу амвол ва муқобилият ба шаклҳои гуногуни қочоқ равона шудаанд, дар бар мегирад.
Дар фарҷом миёни иштирокчиёни вохӯрӣ оид ба мавзӯъҳои баррасишаванда мубодилаи афкор сурат гирифт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






